Ҷоми ФФТ: бозиҳо дар гурӯҳи «А» ба анҷом расиданд
ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозиҳои финалии Ҷоми ФФТ дар гурӯҳи «А» ба анҷом расиданд. Дар натиҷа дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» ба вохӯриҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври охири бозиҳои гурӯҳи «А» дастаи «Регар-ТадАЗ» бо «Истаравшан» ва «Душанбе -83» бо «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қувва санҷиданд. Натиҷаи баробари 1:1 ғолибро дар ҷуфти аввал -«Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» муайян накард ва дастаҳо дар маҷмӯъ соҳиби 5-холӣ шуданд. «Душанбе -83» бар «Арал» бо ҳисоби калони 7:2 пирӯз гардид ва ин даста низ нишондоди холҳояшро ба 5 адад расонд. Тибқи низомнома, аз рӯи бартарии тӯбҳо дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» муборизаро барои ҷом идома медиҳанд.
Дар бозии нимниҳоӣ рақиби дастаи «Регар-ТадАЗ»- «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби гурӯҳи «Б» муайян шуд. «Истаравшан» имрӯз баъди ҷамъбасти мусобиқа дар гурӯҳи «Б» ҷуфти худро пайдо мекунад.
Ҷоми ФФТ. Бозиҳои финалӣ
Гурӯҳи «А»
Даври 3-
«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 1:1
Голҳо: Ҷамшед Ҳасанов, 68 (1:0). Фирӯз Раҳматов, 84 (1:1).
«Истаравшан» (Истаравшан): Қурбоналӣ Бобоев, Тулқин Умаров, Азизҷон Шамсиев, Саидхони Амрохон, Зиёвуддин Фузайлов, Диловар Бойқузиев (Сантос де Силва Вендер, 87), Отабек Каримов, Насим Расулов (Ҷамшед Ҳасанов, 46), Бахтиёр Абдураҳмонов (Бахтовар Зокиров, 84), Абдураҳмон Қурбонов (Ферейра де Конкейкао Роджерио, 61), Илҳом Баротов.
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фатҳулло Бобоев, Сироҷиддин Аллаев (Ёқуб Ахмедов, 81), Алишер Шарифов, Сайдамири Сайдаҳмад, Далер Шомуродов, Расул Файзов, Акбари Шелдорӣ (Ҳикматулло Расулов, 61), Амирҷон Сафаров (Фирӯз Раҳматов, 67), Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов (Акбар Бобомуродов, 61), Наврӯз Рустамов.
Огоҳӣ: Бахтиёр Абдураҳмонов, Зиёвуддин Фузайлов, Илҳом Баротов, Диловар Бойқузиев, Сантос де Силва Вендер («Истаравшан»), Наврӯз Рустамов («Регар-ТадАЗ»).
Бозингари беҳтарин: Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»).
Довар дар майдон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозир: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳиссор).
28 феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 500 тамошобин.
«Душанбе-83» – «Арал» – 7:2
Голҳо: Дилшод Расулов, 7 – аз пеналти (1:0). Абдул Салам, 15 (2:0). Акмал Абдурасулов, 16 (2:1). Тоҳирҷон Тағойзода, 21 (2:2). Идрис Амину, 29 (3:2). Қосим Музаффаров, 33 (4:2). Исмоил Алимардонов, 41 (5:2). Авуку Калеб, 82 (6:2). Элчибек Рашидбеков, 87 (7:2).
«Душанбе-83» (Душанбе): Фаромӯз Саидов, Дилшод Расулов, Бенҷамин Асамоа, Иззат Рӯзиев (Умар Азимов, 65), Акрамҷон Қурбонов, Идрис Амину, Исмоил Алимардонов (Маг Ансон, 82), Колинс Адухене (Фарҳод Қосимов, 36), Абдул Салам (Калеб Авуку, 61), Элчибек Рашидбеков, Шавкати Ҳотам (Интил Мустафо, 31).
«Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ): Сайёд Шоимардонов, Рамазон Сафаров (Мӯмин Неъматов, 90+2), Шаҳбоз Солиев, Фаррух Саъдуллоев, Сафиоллоҳ Назаров, Далер Умаров, Фирӯз Ибрагимов, Тоирҷон Тағойзода, Ҳасан Ғуломов, Акмал Абдурасулов, Сӯҳроб Бақаров.
Огоҳӣ: Фарҳод Қосимов, Исмоил Алимардонов, Умар Азимов («Душанбе-83»), Фаррух Саъдуллоев («Арал»).
Аз бозӣ ронда шуд: Ҳасан Ғуломов («Арал»), 89 – барои одобро риоя накардан.
Бозингари беҳтарин: Идрис Амину («Душанбе-83»).
Сардовар: Ҳалим Шерзод (Афғонистон).
Нозир: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Гурӯҳи «Б».
Даври 3
1 март (ҷумъа)
11:00 – «Ҳулбук» – «Кӯктош»
14:00 – «Гулистон» – «Истиқлол»
Бозиҳои боқимонда:
Нимфинал
3 март (якшанбе)
11:00 – 1 «А» – 2 «Б»
14:00 – 1 «Б» – 2 «А»
5 март (сешанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷои сеюм
14:00 – Финал








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






