Озмуни ҷумҳуриявии «Меҳри Ватан» беҳтарин публисистони ҷавонро интизор аст
ДУШАНБЕ, 28.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки миёни қаламкашони ҷавон таҳти унвони «Меҳри Ватан» озмуни ҷумҳуриявӣ доир намояд. Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумита ва «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022» роҳандозӣ шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Меҳри Ватан»- ин дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси миллӣ дар замири ҷавонон мебошад. Дар озмун муаллифони ҷавон метавонанд бо мақолаҳои публисистии худ иштирок намоянд. Хоҳишмандон метавонанд то 10 майи соли равон мақолаҳои худро ба унвони Кумита ирсол намоянд.
Муаллифони беҳтарин мақолаҳои публисистӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






