Паҳлавонони варзидаи тоҷик ба Туркия мераванд

Март 29, 2019 15:25

ДУШАНБЕ, 29.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 5-6-уми апрели соли равон  дар шаҳри  Анталияи Туркия мусобиқаи байналмилалии «Antalya Grand Prix 2019» баргузор мешавад.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар дод.

Ба иттилои манбаъ,  дар ин мусобиқа  561 варзишгар, аз ҷумла 344 мард ва 217 зан иштирок ва байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ин мусобиқаи варзишии сатҳи баланд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳафт паҳлавони шинохта-  Ёқубҷон Беков (-66кг),  Хаёмиддин Ҷабборов, (66кг),   Мирзоҷамил Рамазонов (-73кг),  Акмал Муродов (-81кг),  Комроншоҳи Устопириён (-90кг),  Саидҷалол Саидов (-100кг) ва    Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

Бояд зикр кард, ки мусобиқаи байналмилалии «Antalya Grand Prix 2019» имкон медиҳад, ки иштирокчиён дар баробари дарёфти медалу ифтихорномаҳо ҳамзамон соҳиби имтиёзҳои зарурӣ барои дарёфти роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020  мешаванд.

Март 29, 2019 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад