Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб гардид

Март 4, 2019 13:36

ДУШАНБЕ, 04.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардид.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар пойтахти шоҳигарии Таиланд- шаҳри Бангкок 38-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид,  ки дар баробари шунидани ҳисоботи масъулин оид ба фаъолият дар давраи ҳисоботӣ  яке аз масъалаҳои муҳими Ассамблея- ин интихоби Президент, муовинони ӯ ва ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё ба ҳисоб мерафт.  Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ, ки то кунун вазифаи Президенти Шӯрои олимпии Осиёро ба уҳда дошт, ба муҳлати нав то анҷоми давраи солҳои 2019-2023 интихоб гардид.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба ҳайати нави  Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) ворид гардид.  То ин муддат Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи муносибатҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё ба ҳисоб мерафт.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ намуданд.

Хотирнишон бояд намуд,  ки Шӯрои олимпии Осиё бо намояндагии 45 кишвари қораи Осиё бо мақсади рушди Ҳаракати олимпӣ ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи баланди варзишӣ таъсис дода шудааст.

Март 4, 2019 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад