Прокурори генералӣ дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ҳисобот медиҳад

Март 12, 2019 16:56

ДУШАНБЕ, 12.03.2019/АМИТ «Ховар»/. 29 марти соли равон дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи болоии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар иҷлосия  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун  баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихӣ», қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди  коррупсия», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи хизмати давалатӣ» ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодии  кишвар баррасӣ хоҳад гардид.

Инчунин дар ҷараёни иҷлосия  дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати  риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳисобот медиҳад.

Март 12, 2019 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид