Сафорати Тоҷикистон дар Франсия хони наврӯзӣ орост

Март 21, 2019 11:42

ДУШАНБЕ, 21.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 19 марти соли 2019 бо ташаббуси сафоратҳои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз (Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон) дар қароргоҳи Комиссияи СММ оид ба соҳаи маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) чорабинии муҳташам бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз доир гардид. 

Дар ҳамоиши мазкур Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле, намояндагони вазорату идораҳои Франсия, ҳайати дипломатӣ, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Франсия ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Даъватшудагон бо таомҳои миллии кишварҳои таҷлилгари Наврӯз ошноӣ пайдо карда, бо расму русуми наврӯзӣ ва таҷлили Наврӯз дар ҳар яке аз кишварҳои болозикр шинос шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар навбати худ мизи миллиро бо унсурҳои ҳафтсину ҳафтшин ҳамроҳ бо  ашёи хоси миллии тоҷикӣ ороста, ҳамзамон маводи шиносоӣ ва таблиғотии ҷашниро оид ба Тоҷикистон ба хотири муаррифии бештари кишварамон ба маъраз гузошт.

Март 21, 2019 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст