САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ: «Тоҷикстандарт» барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар минтақаи Кўлоб омӯзиш доир намуд

Март 7, 2019 15:59

ДУШАНБЕ, 07.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон шуд.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръат ва мусоидат ба рушди содирот бо ташаббуси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт»)  дар минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон семинари омўзишӣ бо истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ дар мавзўи «Риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ – омили асосии истеҳсоли маҳсулоти босифат ва бехатар» баргузор гардид. Дар кори семинар намояндагони раёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи Кўлоб, Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Маркази санитарию эпидимиологӣ ва зиёда аз 80 нафар соҳибкорон – истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ аз шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Мӯминобод, Шамсиддин Шоҳин ва Ховалинг иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Тоҷикстандарт» хабар доданд, сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентӣ Сӯҳроб Ашўрзода дар семинар зикр намуд, ки мақсади аслии ин семинар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии соҳибкорон ҷиҳати таъмини бехатарии маҳсулоти истеҳсолӣ ва беҳтар намудани сифати он мебошад. Риояи талаботи регламентҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ яке аз омилҳои асосии истеҳсоли маҳсулоти босифат,  бехатар  ва ҷавобгў ба талаботи муосир ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин соҳибкорони ватаниро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулият дар ҷараёни истеҳсолот талаботи қонунҳои дахлдор ва регламентҳои техниро роия намуда, дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии молу маҳсулот ва дар маҷмуъ ба рушди иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошанд.

Дар раванди семинар мутахассисони «Тоҷикстандарт» мазмуну муҳтавои қонунҳои соҳаи танзими техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Тамғагузории маҳсулоти хўрокворӣ», «Бехатарии борҷома», «Бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ», «Маҳсулоти шарбатӣ аз меваҳо ва сабзавот»-ро ба соҳибкорон тариқи рўнамо шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамзамон, ба соҳибкорон оид ба афзалиятҳои ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ пешниҳодоти муфид дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни семинар соҳибкорон фаъолона ширкат варзида, дар қисмати музокирот ба мутахассисон оид ба талаботи регламентҳои техникӣ, аҳамияти ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳо ва роҳҳои пайдо намудани имкониятҳои содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар пурсиш ба амал оварда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Агентии «Тоҷикстандар» иқдом гирифтааст, ки дар ҳошияи саноатикунонии босуръати кишвар дар тамоми манотиқи мамлакат чунин мулоқоту семинарҳои омўзиширо ба роҳ монад.

Март 7, 2019 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд