Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон аз лиҳози фоизи намояндагии занону бонувон дар мақомоти шохаҳои гуногуни ҳокимият дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад»

Март 8, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 08.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози фоизи намояндагии занону бонувон дар мақомоти шохаҳои гуногуни ҳокимият дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти худ ба муносибати Рӯзи модар изҳор доштанд.

«Яке аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат барои духтарони деҳоту ноҳияҳои дурдаст муқаррар намудани квотаи президентӣ мебошад, ки тавассути он то имрӯз ҳазорон нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат муваффақона кору фаъолият доранд», — ёдовар шуданд Пешвои миллат.

Дар робита ба ин, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки падарону модарон набояд пеши роҳи таҳсили фарзандонро гиранд, баръакс, кӯшиш намоянд, ки онҳо таҳсил карда, соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шаванд ва дар зиндагӣ ба мушкилот дучор нагарданд.

«Шумо хуб медонед, ки агар бонуи хонадон босавод бошад, метавонад фарзандони худро тарбияи дуруст диҳад, онҳоро солиму бардам ва ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифат ба камол расонад, яъне оилаи намунавӣ барпо намояд», — зикр намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар идомаи ин гуфтаҳо Сарвари давлат таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат амалӣ гардидани тадбирҳоеро, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳамаҷониба таъмин намуда, чунин сиёсатро дар оянда низ идома хоҳад дод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки занону бонувони соҳибмаърифат ва бонангу номуси тоҷик ба шукронаи озодиву соҳибихтиёрии давлат ва фазои орому осудаи кишвар бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат барои пешрафти Тоҷикистон содиқона ва боз ҳам бештар заҳмат мекашанд, ба хотири тарбияи наслҳои ояндасози миллат саъю талоши бештар мекунанд, дар чаҳорчӯбаи қонунҳои миллӣ — «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал карда, ҷиҳати беҳтар шудани некӯаҳволӣ ва шароити зиндагии хонаводаҳои худ саҳми модаронаашонро мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки 8 март аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Рӯзи модар таҷлил мегардад. Ин рӯз бо мақсади бузургдошти зан – модар, ки офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва пойдории оила медошад, Рӯзи модар эълон гардидааст.

 

Март 8, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон