Шоҳҷоизаи Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ насиби паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов гардид
ДУШАНБЕ, 20.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон марҳилаи ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шореҳи варзиш Раҳматшо Обидов аз шаҳри Норак хабар дод, дар ин мусобиқа беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳяи Рашт аз рӯи 7 вазн байни ҳам рақобат намуданд.
Варзишгарони беҳтаринро туҳфаҳои арзишманд ва ғолиби вазни мутлақро шоҳҷоиза – мошини сабукрав интизор буд. Ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов ва Фурқат Назриев барои сазовор шудан ба шоҳҷоизаи наврӯзӣ талош намуданд. Билохира Темур Раҳимов бо усули зебо тавонист паҳлавони шаҳри Кӯлоб Фурқат Назриевро мағлуб намуда, соҳиби шоҳҷоиза гардад.
Инчунин баҳри тамошои мусобиқаи мазкур аз тамоми гӯшаву канори мамлакат мухлисону ҳаводорони ин навъи зебои варзиш ҷамъ омада буданд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ гардид.








Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад






