Шоир Ҳикмат Раҳмат: «Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бостонии Наврӯз ба мақоми шоистаи худ баргашт ва иди ҷаҳонӣ шуд»

Март 12, 2019 13:33

ДУШАНБЕ, 18.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯзи дилафрӯз идест, ки ба фасли гулшукуфти зиндагӣ рост омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад. Мардуми ориёитабор Наврӯзро дар тӯли чандин ҳазор сол аз гузаштаҳо ба мерос гирифта, то рӯзгори мо оварданд. Хушбахтона, пас аз Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар кишварамон ба ҷашни давлатӣ ва мардумӣ табдил ёфт. Дар даврони Истиқлолият адибон, таърихнигорон, рӯзноманигорон- ҳар касе, ки дар бораи Наврӯз чизе медонист ва ё ба мушоҳида мегирифт ё аз сарчашмаҳо мутолиа мекард, дар шакли мақола, шеър, намоишнома, дастур, китоб Наврӯзро ситоиш менамуданд, то мардум аз бузургии ин ҷашни ниёгон бештар огоҳ шаванд. Маҳз пас аз Истиқлолият дар Тоҷикистон марҳалаи нави эҳёи Наврӯзи бостонӣ  фаро расид. Онро дар ҷумҳурии мо  бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Акнун азамати Наврӯз бештар гардидааст. Эҷодкорони ҳамаи соҳаҳои ҳунарӣ ҷиҳатҳои нав ба нави онро кашф намуда, пешкаши мардум менамоянд. Мардум низ оинҳои наврӯзиро ба намоишгоҳҳо бароварда, аз зебу зинати он лаззат мебаранд.

Дар зер мусоҳиба бо журналист, шоир ва тарҷумон Ҳикмат Раҳмат дар робита ба ин ҷашни байналмилалӣ ва нақши адибон дар инъикоси дастовардҳои замони истиқлолиятро манзури хонандагони сомона мегардонем.

 АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Ҳикмат Раҳмат, замони Истиқлолият дастовардҳои хеле бузургеро насиби халқу давлат ва тамаддуни мо гардонд. Яке аз дастовардҳои замони истиқлолият- ин дар баробари эҳёи адабиёт, эҳёи давлатдорӣ ва расму оинҳои покизаву муфиди ҷомеа эҳёи дубораи бузургтарин ҷашни милллиямон- Наврӯзи оламафрӯз аст.  Ҷашне, ки ваҳдат асту якдилӣ ва покизагиву сарҷамъии инсонҳо.    Бояд гуфт, ки эҳёи ҷанбаҳои мардумии Наврӯз, тарғибу таблиғи мунтазами суннатҳои ин ҷашни бостонӣ, оммавӣ гардонидани ғояву арзишҳои ҷовидонаи он ва ба ин восита таҳким бахшидани пояҳои фарҳангии зиндагии ҷомеаи мо яке аз вазифаҳои муҳимтарини аҳли зиё мебошад. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба аҳли зиё такя карда, ташаббусҳои созандаи онҳоро пайваста дастгирӣ менамояд. Зеро зиёиён ҳамчун неруи фаъолу тавонои ҷомеа метавонанд дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ нақши басо арзишманд гузоранд ва манфиатҳои милливу давлатиро содиқона ва қотеъона ҳифз намоянд.

Ҳикмат Раҳмат: Истиқлолият ба мо чизҳои бисёре дод. Пеш аз ҳама, ҳуқуқҳои инсонии мо, ки як муддат то андозае аз даст рафта буд, дубора эҳё шуд. Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ эътироф карданд.

Шумо хуб медонед, ки дар шароити ҷаҳони имрӯза нигоҳ доштани  Истиқлолият  ва озодӣ барои давлатҳои нисбатан хурд  бисёр мушкил аст. Дар ин раванд Тоҷикистон сипаре дорад бо номи Ваҳдат. Яке аз бузургтарин хизмати Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон назди халқу миллаташ ана ҳамин аст.  Ин Ваҳдати миллие, ки мо имрӯз дорем, як кӯшиши бисёр оқилона аст барои дар замони ҷаҳонишавӣ нобуд нашудани миллатамон. Кӯшишест, ки агар мо ин роҳро пеш нагирем, эҳтимоли дар ҷаҳонишавӣ нобуд шуданамон мавҷуд аст. Барои ин моро зарур меояд, ки дар ин раванд ба воситаи забон, фарҳанг ва кашфиёти илмии худ ҳисса гузорем.

Дар мавриди мақоми Наврӯз ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки боз ҳам Истиқлолият ин ҷашни бузурги миллии моро дубора эҳё кард. Аз номаш маълум аст, ки Наврӯз ҷашни миллии тоҷикон аст. Зеро  он   ҷаҳонӣ шуда бошад ҳам, номашро тағйир надод. «Рӯз»  ва «нав» вожаҳои сирф  тоҷикӣ мебошанд. Наврӯз пеш аз истилои арабҳо низ мавҷуд буд ва мо онро таҷлил менамудем. Пас аз он низ. Фақат дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ  ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намегардид. Лекин мардум онро дар маҳалҳо таҷлил мекарданд ва анъанаҳои гузаштагони худро гиромӣ медоштанд. Хона тоза мекарданд, сумалак мемонданд, гулгардонӣ мекарданд.

Аз ҷумла, мо дар замони кӯдакии худ гулгардонӣ мекардем. Мардум дар ин вақт ба мо ин ё он чизро медоданд. Баъд мо хӯрок омода карда, ба ҳар роҳгузар медодем.

Дар давраҳои охири замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Наврӯз ҳамчун ба як  хурофоти динӣ муносибат мекарданд, ки ин таъсири хуб надошт. Ва зиёиёне буданд, ки аз ин тавр ранг гирифтани муносибати роҳбарон нисбат ба Наврӯз нороҳат шуда, садо баланд мекарданд.

Мо солҳои зиёд таҳти роҳбарии журналисти ҷасур, маъруфу ҷонфидо Бӯриниссо Бердиева дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” кор мекардем.  Ҳамон солҳо мо дар бораи ин ҷашни бузурги миллии тоҷикон- Наврӯз бисёр менавиштем. Назоратчиён хат мезаданд ва мегуфтанд, ки баҳор гӯед кифоя аст. Мо мегуфтем, «охир Наврӯз дили баҳор аст, чӣ хел мешавад, агар қалбашро канда партоем? Пас баҳор бе Наврӯз баҳор нест».

Он солҳое, ки ман дар рӯзномаи мазкур кор мекардам, дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи илмҳо як саҳифа ташкил кардем. Номзади илмҳои физикаю математика Қосим Ҳасанов маро ба обсерватория (расадхона) бурда, шинос карданд.  Ман хоҳиш кардам, ки дар бораи Наврӯз як мавод нависед, бо истифода аз асосҳои илмӣ ва алоқаи он бо кайҳон. Мақолаи хеле хуб низ нашр шуда буд. Ҷазо ҳам  гирифтем барои чунин маводи нашршуда (табассум мекунад). Ин корҳоро мо бо ташаббуси худ мекардем ва ҳаракати Наврӯзро зинда кардан дар ин рӯзнома буд. Мо ҳамроҳи зиёиёни боҷасорат ва худшиносамон Бӯринисо Бердиева, Доро Дӯст, Урун Кӯҳзод, устод Бозор Собир зиёд талош кардем, ки номи Наврӯз ба нестӣ наравад.

Бузургтарин хизмати дигари Президенти мамлакат эҳёи дубораи ин ҷашни бузурги миллиямон мебошад, ки шоистаи таҳсину ситоиш аст. Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакати мо ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашн ҷаҳонӣ шуд. Ба мақоми шоистаи худ баргашт. Дар замони Шӯравӣ иди 1 май буд, иди меҳнаткашон, ки иди хуб буд. Иди ваҳдати дунё номидан мумкин аст.  Наврӯз, ки имрӯз ба таври хуб ҷашн гирифта мешавад  ва сол то сол боз ҳам беҳтару пуршукӯҳтар таҷлил карда мешавад, иди Ваҳдату якдилӣ ва муҳаббату садоқати инсонҳо ба ҳамдигар аст.  Он вақт агар аз парадҳои иди 1 май дер мемондем, ҷазо низ медоданд (табассум мекунад). Ҳоло ҳам агар касе нисбат ба Наврӯз хунукназарӣ мекунад, бигузор ҷазо дода шавад.

АМИТ «Ховар»: Шумо хеле хуб дар мавриди нақши калидии зиёиёни тоҷик дар зинда ва нигоҳ доштани мақоми шоистаи ҷашни миллиямон- Наврӯз дар мисоли устодоне, ки дар боло зикри номашон рафт, ёдовар шудед. Имрӯз мутаассифона, дар шароити пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳо, вақте бадхоҳони миллату давлати соҳибистиқлоли мо санг дар бағал доранду аз дуриҳо ба сӯи мо ҳавола мекунанд, бештари вақт аҳли зиёи мо хомӯширо ихтиёр карда, вокуниш намедиҳанд. Аз арзишҳои миллӣ ва сулҳу ваҳдати пойдори имрӯзаи мамлакат бо сеҳри сухан ва эъҷози қалам дифоъ намекунанд, ки бисёр нороҳаткунанда аст.  Аҳмади Дониш, устод Айнӣ ва дигар равшанфикрони тоҷик дар даврони хеле сахту сангин умр ба сар бурданд, дар ҷомеаи пур аз хурофоту таассуб бо ҷасорати баланд эҷод карданд, ҷомеаи хурофотиро мазаммат намуданд, рисолати таърихии худро анҷом доданд. Дар мадрасаҳо таълим гирифтаву хурофотӣ нашуданд. Мардумро ба дунболи худ, ба сӯи ояндаи дурахшон, илму дониш бурданд. Зиёии замони Истиқлол чаро ин рисолатро анҷом намедиҳад?  Чаро хомӯш аст?

 Ҳикмат Раҳмат:    Ин саволест, ки маро низ бисёр нороҳат мекунад.

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.

Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,

Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.

Чунин  баҳои арзандаро Абӯали Ибни Сино ҳанӯз дар асрҳои IX-X  ба  хурофотпарастони замони худ  дода  буд. Андешаи озод аз илму адабиёти мо сарчашма мегирад. Зеро он дар адабиёт ва ботини халқи мо вуҷуд дошта, аз он сарчашма мегирад. Он ҷойе, ки зери ниқоби ислому дин ба мардум фишор меоварданд, дар ҳамон мавридҳо  донишмандони ҷасури мо андешаи худро баён медоштанд. Устодон Аҳмади Дониш, Садриддин  Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода ҳама тарафдори илми табиӣ буданд, на ин ки хурофотпараст. Устод Турсунзода баъди хатми мактаби дусолаи Тошканд ҳамчун рӯзноманигор дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло – «Ҷавонони Тоҷикистон»,- тавзеҳи АМИТ «Ховар»)  ба фаъолият шурӯъ намуд. Аз аввалин навиштаҳои он кас ман насими тозаи маърифатро дарёфтам. Дар назм ва насри он кас низ. Ин маърифате, ки устод тарғибу ташвиқ мекард,  доираи васеи бисёр фаҳмишҳоро ба миён меовард.  Имрӯз бошад баъзе ашхоси тангназар миёни илми воқеъӣ ва аҳкоми динӣ тафриқа намегузоранд  Ин хато аст. Илми ҳақиқӣ он аст, ки Ибни Сино дар вақташ пайравӣ карда буд. Ба ин хотир, Устод Турсунзода аз аввал ҷонибдори илму донишу маърифат буд.

Мутаассифона, имрӯз бархе аз аҳли зиё, муаллиму шоиру нависанда ва олими мо худашон дар гирдоби  хурофот дарафтодаву то ҳадде ба ифрот расидаанд, ки ин пайомади хуб надорад. Чунки ин қишри ҷомеа байни мардум нуфуз дорад, ҷавонон ба сухани эшон гӯш медиҳанд ва набояд чунин бошад, ки ба саволҳои худ аз ин тоифа ҷавоби номуносиб гиранд.  Сари ин масъала ҷиддӣ бояд андеша кард. Истиқлолият бузургтарин неъмат барои халқи мост, хосса барои аҳли зиё ва равшанфикрон. Байни мардум бештар рафтан лозим аст. Бо мардум буданамон зарур аст. Дидору мулоқотҳоро бештар бояд кард, бовар кунед, мардум воқеан ҳам ташнаи сухан, ташнаи суҳбатҳои судманд аст. Ва омӯзгор -муаллим бояд рисолати азалии худро содиқона анҷом бидиҳад. Зеро бо инсон ва зеҳни ӯ кор мегирад. Ҷомеаи солимро мактабу муаллим месозад. Бадтарин амали инсонӣ бетарафист. Набояд бетараф бошем. Нисбат ба тақдири ояндаи насли миллатамон, ояндаи давлату сарзаминамон бояд дар якҷогӣ ва иттиҳод талош намоем. Чуноне ки устодони бузург, муаллимони шоиста, ходимони давлатӣ дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз барои миллат, забон, фарҳанг ва ҳудудҳои ҷуғрофии мо ҷонталошиҳо карданд. Иттифоқи нависандагон бояд роҳи ҳалли ин муамморо кушояд, яъне аҳли зиё, адибону шоирони тоҷикро ҳавасманд кунад, дастгирӣ намояд, то лоақал мо, нафақахӯрон дар маҳаллаҳои ҷойи зист ва гирду атроф ҳамеша бо мардум бошем, набзи ҷомеаро дарк кунем, суҳбатҳо гузаронем ва фазои холигиро пур кунем.

АМИТ «Ховар»: Устод, ман аз чанд нафар адибон шунидам, ки  бо мушкилии чопи асарҳояшон рӯ ба рӯ ҳастанд. Шумо чӣ?

Ҳикмат Раҳмат: Бале, дуруст, адибони мо мушкилии молиявӣ доранд, китобҳояшон чоп намешаванд. Худашон чунин имконият надоранд. Шахсан ман чанд сол пештар китоби нависандаи бузурги қирғиз  Чингиз Айтматов «Вақте кӯҳҳо суқут карданд» (Когда падают горы)-ро бо забони тоҷикӣ тарҷума кардам ва дар журнали «Садои Шарқ» чоп шуд.    Иттифоқи нависандагон   ин китобро дар навбати чоп мондааст.  Мунтазир нашудам ва  ба  сарпарастону тоҷирон  муроҷиат кардам ва билохира  китобам бо тиражи 3 000 нусха чоп шуд.

Ҳарчанд бо дастгирии Ҷаноби Олӣ ҳамасола китобҳои адибони тоҷик, аз ҷумла ҷавонон нашр мегарданд, аммо бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва мухлисони китоб, ҳамчунин дар манотиқи аз марказ дур кор дар ин самт бояд вусъати бештаре гирад. Дар ин амри хайр, ки Ҷаноби Олӣ ҳамеша ишорат ба он мекунанд, бояд соҳибкорон ва ашхоси фарҳангпарвари саховатпеша саҳмгузор бошанд. Бархе аз соҳибкорон фақат майли сохтани тарабхонаву марказҳои тиҷоратӣ доранд. Вале фаромӯш набояд кард, ки мардум ба ғизои маънавӣ ҳам ниёз доранд. Агар соҳибкорони мо ба чопи асарҳо, албатта асарҳои арзишманд мусоидат намоянд ва ба сохтмони китобхонаҳою дӯконҳои китобфурӯшӣ камар банданд нуран алонур мебуд ва ин хизмати онҳо дар пешрафти кишварамон ва маънавиёти ҷомеа дар оянда ҳатман ба некӣ ёд мешавад. Барои тасдиқи ин сухан мехоҳам як чизро хотирнишон кунам: дар Маскав муддати мадид нигористони Третяков фаъолият дорад ва ҳамарӯза мухлисони зиёди санъати воло ба онҷо ташриф меоранд. Ин нигористонро ду бародари соҳибкор – Третяковҳо дар охири асри XIX бунёд намуданд ва ба ин васила номи онон ҷовидон монд.

АМИТ» Ховар»: Рӯзҳои наздик ман бо Раиси Иттифоқи нависандагон суҳбат анҷом доданӣ ҳастам ва ҳатман бо ин савол ба он кас муроҷиат мекунам.  Устод, ташаккур барои суҳбат ва  ташрифатон ба АМИТ «Ховар». 

Ҳикмат Раҳмат: Як гуфтаи ходими давлатӣ ва сиёсии Британияи Кабир Черчилл ба ёдам омад. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ӯ мепурсанд, ки ояндаи дунёро чӣ хел мебинед?  Ӯ ҷавоб медиҳад, ки «оянда дар дунё ду фил мемонад- яке Амрико ва дигар Иттифоқи Советӣ. Дигар давлатҳо, бахусус давлатҳои  хурд кӯшиш мекунанд, ки зери пои ҳамин филҳо намонанд».

Барои он ин мисолро овардам, ки ҷаҳонишавӣ ба назари мо мисли ҳамин филҳо мебошад. Ва барои ҳамин ҳар як миллат ва нафаре, ки худро инсони комил мепиндорад, Ватану сарзамин ва таъриху тамаддунашро қадр мекунад, кӯшиш менамояд, ки дар ин раванд нобуд нашавад, зери пойи филҳо намонад. Ман бисёр мехоҳам, ки халқи шарифи Тоҷикистони азизи мо ҳамеша иттиҳоду сарҷамъ бошанд, Ватанро дӯст доранд, заҳматҳои шабонарӯзии Президенти маҳбуби кишварро қадр кунанд, ба гуфтаи хоинони миллат нараванд, номуси хоҳару модари хешро ҳифз кунанд. Муҳим пос доштани ваҳдату сулҳу субот аст, ки ин ҳама дар кишвари мо ҳаст. Бояд ин арзишҳои муқаддасро ба қимати ҷон ҳифз кунем. Наврӯзи ҷаҳонӣ ба ҳамаи мардуми кишвар мубораку пурнишот бошад.

Ғунча лаб во карду гул бишкуфту дил шуд беқарор,

Боз  Наврӯз омаду гулҳо  қатор андар қатор.

Роҳи саҳро пеш гирам  ман ба умеде,  ки боз,

Баҳра бардорам зи файзи абри найсон,  навбаҳор.

То бишӯям рӯи худ  бо ашки абри даргузар,

Пур намоям каф зи оби қатраҳои  бешумор.

Сабзаву себарга доранд ҷилва дар болои об,

Атрафшон барвазад бар сад насими обшор.

Аз сияҳгӯшу гули себаргаву қоқу чӣ хуш

Чанбаре созӣ, ки бигзорад варо бар сар нигор.

Гул хуш асту хониши булбул хуш аст, аммо чӣ хуш?

Бо маю маъшуқа бошӣ дар миёни марғзор.

Кай кунад ёди биҳишти адн Ҳикмат гар даме,

Бошад андар марғзоре бо нигоре ҳамканор.

                                                                         Сайрам БАҚОЗОДА,
  АМИТ «Ховар»

Март 12, 2019 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ЭЪТИРОФИ СИЁСАТИ ОЯНДАБИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳои ходими адабии АМИТ «Ховар» дар ин хусус
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»