ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 24 март, якшанбе, 83-юмин рӯзи соли 2019 аст

Март 24, 2019 08:00

24 марти соли  2010 баъди вохӯрии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбарияти СММ дар қароргоҳи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ маросими супоридани ҷоизаи «Дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ»   баргузор гардид.

Бо Ҷоизаи мазкур соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардид ва он ба Оқил Оқилов супорида шуд.

***

3 сол пеш, 24 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат  ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат Исфара» ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд.

 24 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил.

 РӮЙДОДҲО:

 24 марти соли 2009 дар шаҳри Тошканд давраи 7-уми Мусобиқаи 3-юми байналмилалии шоҳмот барои хотираи Георгий Агзамов баргузор гардид. Дар давраи 7-ум шоҳмотбози беҳтарини тоҷик Фаррух Амонатов бо 5,5 хол ҷойи  2-юмро ба даст овард.

***

24 марти соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зертобеи СММ,  вазъи минтақа ва дигар мушкилоти мавҷуда баррасӣ гардиданд.

***

7 сол пеш, 24 марти соли 2012 Президенти вақти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари корӣ ба Точикистон ташриф овард.

***

Дар ин рӯзи соли  1956 унвони фахрии «Мураббии варзидаи ИҶШС» таъсис дода шуд.

***

24 марти соли 1975 ИМА интиқоли силоҳро ба Исроил қатъ кард.

***

29 сол муқаддам, 24 марти соли 1990 дар Ӯзбекистон мақоми президентӣ ҷорӣ карда шуд.

***

24 марти соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Венгрия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Куба муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

  Соли 2016 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти боз як корхонаи азими саноатӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон», ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшиданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Март 24, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва ССКА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад