Табибони тоҷик — дар сафи пеши мусобиқа оид ба футбол миёни давлатҳои ИДМ
ДУШАНБЕ, 30.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 30 марти соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалии футбол миёни дастаҳои давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил барои дарёфти Ҷоми «Дӯстӣ» сурат гирифт.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур миёни табибони дастаҳои 9 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҳайати дастаи Тоҷикистон низ дар ин мусобиқаи бонуфуз ширкат дорад.
«Дастаи табибони Тоҷикистон бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар ин мусобиқаи сатҳи баланди байналмилалӣ омодагии худро дар ҳайати 24 нафар муддати як моҳ др беҳтарин шароити мусоид доир намуда буд. Ин омодагӣ ба дастаи Тоҷикистон имконият дод, ки ба финали мусобиқа роҳхат пайдо намояд», – хабар медиҳад манбаъ.
Дирӯз дар бозиҳои нимниҳоӣ дастаи табибони тоҷик бо ҳисоби 4:1 дастаи табибони Қазоқистонро шикаст дода, ба финали мусобиқа роҳхат гирифт. Дар ин мусобиқаи бонуфуз дастаи табибони тоҷик беҳтарин бозӣ нишон дода, имтиёзҳои бештарро соҳиб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз, 30 марти соли равон, соати 14:00 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Тошканд бозии финалии мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми «Дӯстӣ» миёни дастаҳои табибони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Умед аст, ки дастаи табибони тоҷик дар ин мусобиқа ғалаба ба даст оварда, Ҷоми мусобиқаро соҳиб гарданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






