«Тоҷикстандарт» дар дохили бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар 250 кг маҳсулоти ширии пастсифат ошкор намуд

Март 19, 2019 16:01

ДУШАНБЕ, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») зимни гузаронидани санҷиш дар дохили бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар  250 кг маҳсулоти ширии пастсифат ошкор намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ муовини аввали директори Агентии «Тоҷикстандарт» Диловар Пирназарзода хабар дод.

Диловар Пирназарзода гуфт, ки маҳсулоти ширии ошкоршуда истеҳсоли Хуҷанд буда, ба соҳибкор Фотима Дадабоева тааллуқ доранд. Маҳсулоти мазкур бе тамға ва муҳлати нигоҳдорӣ, инчунин бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ба мағозаҳои бозори мазкур тақсим мешуд. Маҳсулоти ширӣ дар зарфҳои 10-килограммӣ, ки барои маҳсулоти сохтмонӣ пешбинӣ шудаанд ва дар борҷомаашон эмулсия навишта шудаанд, ҷой дода шуда буданд. Мавриди зикр аст, ки ҷой кардани маҳсулоти ғизоӣ дар чунин зарфҳо ба саломатӣ хатарнок аст.

Ба маълумоти номбурда, зарфҳо вобаста ба маводи истифодашаванда ба намудҳои металлӣ, полимерӣ, қоғазӣ, картонӣ, шишагӣ, чӯбӣ, аз маводи омехта, саноатӣ,  бофандагӣ, сафолӣ ва ғайра тақсим мешаванд ва бояд аз рӯи бехатарӣ ба талаботи  нишондодҳои санитарӣ — беҳдоштӣ, устувории кимиёӣ ва  ҳавоногузарӣ ҷавобгӯй бошанд.

«Мутобиқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — техникӣ ва Регламенти техникии  «Бехатарии борҷома» истифодаи дубораи зарфҳои полимерӣ манъ мебошад, вале ин амал айни ҳол бисёр ба назар расида, ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Зарфҳои полимерӣ аз рӯи таъйиноташон ба гурӯҳи истифодаашон яккарата дохил буда, бештар барои  нигоҳдории нӯшокиҳои хунук ва равғанҳо истифода мешаванд. Ҳангоми истифодаи дубора эҳтимолияти хатарнокии   онҳо баланд мегардад. Набояд фаромӯш кард, ки шир ҳам аз ҷумлаи маҳсулотест, ки ҳангоми дар зарфи пластикӣ нигоҳ доштан сифаташро гум карда, турш ва барои саломатӣ зараровар мегардад»,-илова намуд ҳамсуҳбат.

Ба иттилои манбаъ, тибқи тартиби муқарраргардида  маҳсулоти мазкур аз муомилот гирифта шуда, барои нобудсозӣ равона карда шуд.

Тавре муовини аввали директори Агентии «Тоҷикстандарт» Диловар Пирназарзода изҳор намуд, ҳамеша дар рӯзҳои ид талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ бамаротиб афзоиш меёбад. Баъзе аз фурӯшандагон бо истифода аз ин фурсат маҳсулоти бе тамға ва муҳлати нигоҳдориаш гузаштаро ба харидорон пешкаш мекунанд. Дар ҳоле, ки Қонуни Чумҳури Тоҷикистон «Дар бораи  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба ҳар як харидор  ҳуқуқ додааст, ки  дар бораи сифат, бехатарӣ,  муҳлат ва  дигар нуқсонҳои молу маҳсулот маълумот талаб кунанд, аммо на ҳамаи харидорон аз ин ҳуқуқи худ истифода мебаранд. Бинобар ин Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақсади роҳ надодан ба воридшавии  маҳсулоти пастсифат ба дастурхони наврӯзии сокинони кишвар дар фурӯшгоҳҳо ва бозорҳо санҷишҳои  навбатӣ ба роҳ монд.

Сарфи назар аз корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва таъкидҳои пайваста ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҳоло ҳам бо айби бархе аз соҳибкорон, ки манфиати худро аз манфиати давлату миллат боло мегузоранд, ба бозор маҳсулоти пастсифат ва ба талаботу меъёрҳои стандартӣ номувофиқ ворид мешаванд. Аз ин рӯ аз сокинон-истеъмолкунандагон даъват мешавад, ки аз харидории маҳсулоте, ки дар дохили зарфҳои пластикии якчанд бор истифодашуда ҷойгиранд, худдорӣ намоянд.

Март 19, 2019 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст