ЗАН-МОДАР – ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО. Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ Рӯзи Модар таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар барномаи фарҳангию маърифатӣ доир гардид. Дар маҳфил дар баробари бонувону занони Донишкада, инчунин собиқ ректорон, аз ҷумла Мунира Иноятова, Гавҳар Шарофзода ва Лутфия Абдухолиқзода иштирок доштанд.
Ректори донишкада, доктори илҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода занону бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила қарору қонунҳоро ба тасвиб расонд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани занону бонувони мо такони ҷиддӣ бахшид. Минбаъд ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҷомеа нақши муҳим бозиданд.
Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода аз номи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон модарон, устодон ва донишҷӯёнро бо Рӯзи Модар ва баҳори оламафрӯз табрик намуда, зикр кард, ки имрӯз занону модарони мо дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатии кишвар сарбаландона фаъолият доранд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд: «Зан модар аст. Яъне ягона мавҷудотест, ки инсонро ба дунё меоварад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Модар – зан пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон аст».
Мунира Иноятова идоракунии давлатиро илми идоракунии инсон номида, онро вазифаи мураккаб донист ва таъкид намуд, ки занону модаронро мебояд дар баробари ғамхориву дастгириҳои Сарвари давлат содиқонаву софдилона хизмат намоянд. Номбурда аз афзудани сафи омӯзгорону кормандон дар Донишкада аз ҳисоби занону бонувони болаёқату кордон изҳори хушнудӣ ва сарфарозӣ намуда, иброз намуд, ки ин ҳама аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба занону модарон шаҳодат медиҳад.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дар бораи нақши зан дар хизмати давлатӣ, рисолати зан дар идоракунии давлатӣ, садоқату вафодорӣ, рафоқату меҳрубонии ин олиҳаи ҳусн ибрози андеша намуда, аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овард, ки «бонувони тоҷик нигини пурҷилои тоҷи миллатанд».
Инчунин дар маҳфил магистрантони хизмати давлатӣ Мадина Бекназарова ва Фарҳод Муминов дар мавзӯъҳои «Мақом ва манзалати зан дар ҷомеа» ва «Таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии занон» маърӯза намуданд.
Маҳфили идонаро барномаи рангини ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва қироати шеърҳои донишҷӯён дар васфи зан –модар ҳусни хотима бахшид.








КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад






