20 апрел ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар баъзе кӯчаҳои пойтахт муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 18.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 20 апрели соли равон ба муносибати Рӯзи пойтахт Ниммарафони Х байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки ҳангоми баргузории Ниммарафон, аз соати 08:00 то 11:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз бурриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ бо Ҳофизи Шерозӣ ва аз буриши кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Бухоро муваққатан қатъ мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин бора қарори Раиси шаҳр ба тавсиб расидааст.
Тибқи қарори мазкур, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки ҷиҳати таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои ҳамшафати макони баргузории Ниммарафон ва бехатарии ҳаракати шаҳрвандон чораҳои мушаххаси мақсаднокро роҳандозӣ намояд.








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






