ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуросон корҳои сохтмонию навсозӣ ва бунёдкорию ободонӣ вусъат меёбанд
ХУРОСОН, 26.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон корҳои сохтмонию навсозӣ, бунёдкорию ободонӣ вусъат ёфта, масъулин баҳри ободу зебо гардонидани симои зоҳирии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебаранд. То имрӯз дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 29 иншоот, аз ҷумла, биноҳои маъмурӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, корхонаҳои истеҳсоли орду хишт, майдончаҳои варзишӣ, марказҳои хизматрасонӣ, дорухона ва ҳуҷраҳои физиотерапию дандонпизишкӣ мавриди истифода қарор гирифта, чандин бинои беморхонаҳои минтақавӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.
Тавре раиси дастгоҳи ноҳияи Хуросон Муҳаммад Азизуллоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, танҳо дар се моҳи соли равон 10 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шудааст, ки аксарияти онҳоро иншооти соҳаи беҳдошт ва солимгардонии аҳолӣ, яъне бунгоҳҳои тиббӣ ташкил медиҳанд.
М.Азизуллоев гуфт, ки дар идомаи раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар 141 иншооти дигар, аз ҷумла, корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ, толори варзишӣ, китобхона, бунгоҳҳои тиббӣ, бинои маъмурии муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, толори фарҳангӣ, варзишгоҳ ва роҳҳо идома доранд.
Айни замон сокинони ноҳия бо доир намудани ҳашарҳои умумӣ корҳои таъмирию рангуборкунии биноҳои баландошёнаи маркази ноҳияро анҷом дода, ба кашидани хатти об дар масофаи 2,7 километр ба минтақаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти Ғаллаобод машғуланд.










Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад






