Ҳамкории Тоҷикистону Чин дар мубориза бар зидди терроризм вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чэн Гуопин баргузор гардид.
Тавре аз Вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Чэн Гуопинро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ хайра мақдам гуфта, чунин изҳор дошт: “Боварии комил дорам, ки Шумо бо таҷрибаи ғании худ дар мубориза бар зидди терроризм саҳми худро дар кори муштарак ба муқобили хатару таҳдидҳои замони муосир мегузоред”.
Зикр гардид, ки сол аз сол ҳамкории дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул меёбанд. Ин ҳамкории мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкории якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи таҷриба, иттилоот, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва расонидани кумаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Комиссари махсус оид ба мубориза бо терроризм ва масъалаҳои бехатарии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чэн Гуопин зикр кард, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти номатлуб қарор дорад ва ҷониби Чин дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкорӣ намуда, кумаки худро хоҳад расонид.
Ба иттилои манбаъ, дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкории манфиатбахш изҳори хушнудӣ намуданд.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






