Ҷавонони фаъол аз Китобхона ва Осорхонаи миллӣ дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 05.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон имрӯз сайри ҷавонон-аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия ба Китобхона ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Аснои шиносоӣ ҷавонон аз тамошои бахшҳои гуногуни ин махзани илму дониш ва ҷойгоҳи фарҳангу тамаддун ғизои маънавӣ бардошта, ба саволҳои сершумори худ посухҳои дақиқ гирифтанд.
Ҳадафи сайри мазкур огоҳии ҷавонон аз таъриху маънавиёт, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, рӯ овардан ба арзишҳои миллӣ, шинохти осори арзишманди шоирону адибон ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ буда, он бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.
Ҳангоми боздид ҷавонон аз осори ниёгон, бозёфтҳои куҳани ҳунарҳои миллӣ, амсоли кулолгарӣ, заргарӣ, дуредгарӣ ва ғайраҳо шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон ҷавонон бо Китобхонаи электронӣ ва китобҳои арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос гардиданд.








Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид






