Ба Китобхонаи вилоятии Хатлон «Достони Пешво» тақдим гардид

Апрель 4, 2019 14:23

ДУШАНБЕ 04.04.2019./АМИТ «Ховар»/.  Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  қаламкаши тавони тоҷик Муҳаммад Ғоиб китоби тозанашри худ   «Достони Пешво»-ро  ба Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин туҳфа  намуд.

Мавриди зикр аст, ки  мушовир ва муҳаррири  китоби «Достони Пешво»   публисист ва сиёсатмадори шинохта Асадулло Раҳмон ва донишманди маъруф академик Каромутулло Олим буда,  он   аз ҳаёт ва фаъолияти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — кафили сулҳу субот дар ҷомеа ва фазои софу беғубори кишвари мо, ваҳдату баҳамоии мардуми тоҷик ва рушду нумӯи сарзамини мо ҳикоят мекунад.

Китоби «Достони Пешво» ба оммаи васеи хонандагон барои мутолиа тавсия дода мешавад.

Дар зер порае аз достони мазкур пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

Муҳаммад ҒОИБ,
Шоири халқии Тоҷикистон

ДОСТОНИ ПЕШВО

Пеш аз ин ҳам тахти шуҳрат доштӣ аз ҷуръатат,

Ёфтӣ аз пушти ҷуръат тахту тоҷи шуҳратат.

Пеш ҳам будӣ чу мижгон рўзу шаб пеши назар,

Пешво будӣ замони ҳифзи кишвар аз хатар.

Пеш аз  ин ҳам пешво будӣ ту дар дунёи нанг,

Рўди ақлат кард хомўш оташи сўзони ҷанг.

Рафтаанд аз ҷангали ҳастӣ ҳама гургу паланг,

Дур шуд аз чашми баҳри зиндагихоҳон наҳанг.

Нест осон рў ба рўи қотилон ҳарфе задан

Бе ҳарос аз маргхоҳ умеди ҳастӣ доштан.

Нест осон дар замини гашта аз хунҳо закоб

Бо умеди хўша гаштан, дони мақсад коштан.

Борҳо пеш аз ҳама рафтӣ  ба ҷойи маргбор,

Дил пур аз меҳри ватандорӣ, ба сар фикри диёр.

Буд мақсудат, ки бинӣ сурх рўйи хуниҷигар.

Пешҳарфи ҷумла ҳам будӣ ту дар садҳо асар.

Кӣ равад  пеши гаравгонгир, пеши тупу тир?

Кӣ занад худро ба он ҷое, кигирандаш асир?

Дар чунин раҳ ҷон ҷудо дар ларза ояд, тан ҷудо,

Як муҳофиз доштӣ, зўр аз ҳама- буд он Худо.

Борҳо биншаста бар тайёраҳои пур зи бор

Нахлҳои нодир овардӣ зи ҳар мулку диёр.

Сабзтар, хушрўйтар то хоки аҷдодӣ шавад,

Ҳар қадам ободу ҳар ҷо маскани шодӣ шавад.

Борҳо рафтӣ ба назди мардуми раҳинтизор

Дар ҳамон рўзони нохуби ҳаво бо чархбол.

Бо забон гарчи намегуфтанд бадхоҳон зи шарм,

Лек мегуфтанд дар дил: Офарин, нонат ҳалол.

Беғубории дилатро карда ҳис оинаҳо

Ҷо туро доданд дар кохи бузурги синаҳо.

Ҳар куҷо, ки лашкари меҳри туро медидаанд

Мекашиданд оҳи ҳасарат даста-даста кинаҳо,

Достони ҷони ширин канданат беохир аст,

Ин хулоса, ин баҳои додаи ҳар нозир аст.

Пеш аз  ин ҳам гашта будӣ дар забони хосу ом,

Достони эътирофу маснавии эҳтиром.

Лек арзи меҳри раҷбарҳои ҳизбу ҳар вакил,

Достон буданд, ҳар ҳарфаш сиришки чашму дил.

Баъд аз он андешаҳои бурди шахсӣ гум шуданд,

Худпарастон ҳам пас аз он гуфтаҳо мардум шуданд.

Манфиатҳои Ватан, Миллат ҳама ҷоро гирифт,

Ҷавфурўшон низ чашми меҳр бар гандум шуданд.

Кӣ намехоҳад, ки гардад зиндагӣ осудатар?

Кӣ намехоҳад, ки бе биме барояд бар сафар?

Кӣ намехоҳад, ки шодон кўдакаш бозӣ кунад?

Кӣ намехоҳад зи боғи умри худ гирад самар?

Кӣ намехоҳад, ки бошад зиндагӣ мисли баҳор?

Аз хазон безор мебошанд боғу киштзор.

Ҷанг сўзад хонаҳои бахтро бо оташаш,

Кӣ намехоҳад, ки бошад Сулҳу Ваҳдат пойдор?

Ин ҳама уммедҳоро дарк кардӣ хубтар,

Ҷонфидоӣ кард дар ин раҳ туро маҳбубтар.

Авфҳо ҷои ҷазоҳоро зи нав бигрифтаанд,

Ҷашнҳо ҷои азоҳоро зи нав бигрифтаанд.

Дар раҳи тадбирҷӯӣ низ будӣ пешгом,

Доштӣ дар сархати имдодгарҳо ҷо мудом.

Бекасонро кас ту будӣ, ҳам ятимонро падар

Шаҳд мекардӣ муҳайё баҳри ҳар як талхком.

Дар диёри хоксорӣ низ будӣ Пешво,

Дарди мағрурии азхудрафтаро кардӣ даво.

Нест аз чашми ҷаҳон имрўз пинҳон розҳо,

Бишнавад гўши сиёсатҳо ҳама овозҳо.

Пештар аз мо туро ҳам пешво мегуфтаанд

Дар диёри Чину Мочин, дар Араб, дар Амрико.

Пеш аз ин ҳам пешво будӣ, ҳазорон қиссаҳо

Ҳарфҳо гўянд аз бобе, ки дорӣ қиссаҳо.

Ку ҳамон коре, ки ту дасташ задӣ, иҷро нашуд?

Ку ҳамон торе задӣ нохун ту, хушово нашуд?

Роҳ гуфтӣ, роҳҳои бехатар пайдо шуданд,

Нақбҳову ҷодаи осонгузар пайдо шуданд.

Барқ гуфтӣ, гашт пайдо нобҳои бемисол,

Як хати эҳсон ҷанубро кард пайванди шимол.

Пуштаҳои хуфта гаштанд аз сахоят боғзор,

Дар ҳаёташ бори аввал шуд биёбон боғдор.

Ҳарф гуфтӣ аз зиёӣ, хуб гўшат кардаанд,

Даста-даста рў ба илму маърифат овардаанд,

Аз дабистони ту дарси ифтихор омўхтем,

Аз ту номуси ватандорию ор омўхтем.

Нашри Қуръонро бикардӣ бо забони тоҷикӣ,

Аз сахоят ояти Парвардигор омўхтем.

Ин ҳикоятҳо ҳама аз посдорон будаанд,

Дар варақҳои дили ихлосдорон будаанд.

Дар ҳазорон шакл бо ҳар гуна мазмун будаанд,

Интизори сабт дар девони Қонун будаанд.

Оқибат дилномаҳо маҷмўа дар қонун шуданд,

Пешво бигрифта ному як ҷаҳон мазмун шуданд.

Бар ҳама ин ҳуҷҷати ҷамъи адолат буд зарур,

Пешвойии адосози ҳама амру рисолат буд зарур.

Пеш аз ин ҳам пешво будӣ, валекин баъд аз ин

Бонамакҳои ватан, фарзандҳои  сарзамин

Номи неки Пешвои хешро ҷо медиҳанд

Дар китоби дидаву дил, дар хати пеши ҷабин.

Баъд аз ин иқдом савти сози дил дигар шавад,

Аз гиребоне бурун садҳо ҳазорон сар шавад.

Ҷойгири хуфтамулки фикр бедорӣ шавад,

Боз мустаҳкамтар имони ватандорӣ шавад.

Баъд аз ин халқе, ки дида ҷабр аз таърих беш,

Мушкилаш осон кунад бо дасти фаҳму ақли хеш.

Маслиҳат пурсад зи як кас, гўш як касро кунад,

Дур аз боғи  умедаш зоғу каргасро кунад.

Баъд аз ин бо ҳам ҷавону пир ҷону тан шаванд,

Ворисони як падар, фарзанди як меҳан шаванд.

Апрель 4, 2019 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд