Барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 25.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 25 апрел то 25 июни соли 2019 барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо баргузор карда мешавад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ роҳандозӣ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, бо қарори мазкур Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқаи мазкур тасдиқ гардида, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда 60000 (шаст ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.
Раиси шаҳр бо ин қарор ҳамчунин масъулин, аз ҷумла, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо муваззаф гардонидааст, ки дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, Федератсияҳои футболи Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби дастаҳои футболи кормандони вазорату идораҳо ва раёсату муассисаҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур шароити мусоид фароҳам оранд.








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






