Бо қарори Рустами Эмомалӣ Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шуд

Апрель 18, 2019 08:55

ДУШАНБЕ, 18.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  як зумра  қарорҳоро  ба имзо расонид. Аз ҷумла, қарор дар  бораи таъсиси «Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарор дар бораи натиҷаи ҷамъбасти Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт  ва қарор дар бораи  тасдиқи  «Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе». 

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  «Ховар» хабар доданд,  тибқи қарори марбута   «Фонди рушди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»   дар назди дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таъсис  дода шуд. Мақсад аз таъсиси  он   рушди босуботи  соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе  мебошад.    Ба иттилои манбаъ, Низомномаи  фонди мазкур   тасдиқ гардида,      қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Бо қарори дигари  Раиси шаҳр  рӯйхати барандагони Стипендияи Раиси шаҳр барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт дар соли таҳсили 2018 – 2019 тасдиқ гардид. Тибқи қарори мазкур  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидааст, ки  аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани барандагони стипендияи мазкур  558 000 (панҷсаду панҷову ҳашт ҳазор) сомонӣ  ҷудо намояд.

«Раиси шаҳр ҳамчунин қарорро дар бораи «Тартиб ва меъёрҳои пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе»  ба имзо расонид. Тибқи қарори мазкур роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо Сарраёсати  молия, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе  вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи Тартиби мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. Қарори мазкур низ барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад», -афзуд манбаъ.

Апрель 18, 2019 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад