Бо дуои неки падару модарон ҷавонони шаҳри Турсунзода ба ҳифзи Ватан камар бастанд

Апрель 5, 2019 14:54

ТУРСУНЗОДА, 05.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати гусели  аввалин гурӯҳи  ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони шоҳ Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Дар гусели зиёда аз 65 нафар наваскарони ихтиёрӣ роҳбарияти шаҳрдорӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои  деҳот афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, падару модарони даъватшавандагон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр  иштирок доштанд.

Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода даъватшавандагонро ба муносибати ин рӯзи фаромӯшнопазир табрик намуда, иброз дошт, ки «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи давлат ва сипари боэътимоди миллат арзёбӣ гардида, маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум зиндагии осоишта доранд. Мояи хушнудӣ аст, ки имрӯз шумо ба мактаби ҳақиқии ҷавонмардӣ, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар мешавед, ки барои ҳар як ҷавонмард хизмат ба Ватан ифтихор  ва шарафи бузург ба ҳисоб меравад. Мо эътимоди комил дорем, ки ҳар яки шумо бо сари баланд ва ҷавонмардона қарзи шаҳрвандиро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоред».

Дар идома волидайни даватшавандагон ба  сухан баромада, иброз доштанд, ки  «хизмат ба Ватан аслан хизмат намудан ба падару модар ва бародарону хоҳарон аст. Боварии комил дорем, ки фарзандони мо бо сари баланд ва нангу номуси ҷавонмардона қарзи шаҳрвандии худро дар назди Модар-Ватан ба ҷо меоранд».

Дар идома  варзишгарони навраси шаҳр маҳорати варзишии худро намоиш дода,   сарбозони  қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр бо машқҳои ҳарбӣ ба майдон баромаданд.

Инчунин афсарон ва аскарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр паради ҳарбиро манзури ҳозирин намуданд.

Кормандони шуъбаи фарҳанг бо суруду таронаҳои ватанпарварона  ба маросим фазои идона бахшиданд.

Апрель 5, 2019 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд