«БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД…». Худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дар осори нависандаи забардасти тоҷик Сотим Улуғзода

Апрель 6, 2019 11:41

ДУШАНБЕ, 06.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба баланд бардоштани худшиносии миллии насли ҷавон, садоқат ба Ватану сарзамин, арҷ гузоштани арзишҳои миллӣ ва шинохти шахсиятҳои бузурги таърихиямон пайваста сухан мегӯянд. Дар Паёми соли 2018 Президенти мамлакат чунин таъкид карданд: «Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ, шинохти фарзандони фарзонаи миллат,  гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд».

Вобаста ба ин мақолаи номзади илми филологӣ Сайрам БАҚОЗОДАро   дар мавриди шинохти шахсиятҳои таърихӣ  дар осори устод Сотим Улуғзода пешкаши хонандагони сомона мегардонем.

Аз нахустин даврони пайдоиши адабиёти форсии тоҷикӣ то ба имрӯз масъалаи худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ яке аз муҳимтарин  рисолати аҳли қалам будааст. Бо вуҷуди тағйири сиёсатҳо, инқилобҳои таърихиву истилоҳо ва таҷоҳуми фарҳангии аҷнабиён ин мавзӯъ меҳварияти худро дар матни адабиёти мо  ҳифз кардааст. Аз Рӯдакӣ то Фирдавсӣ ва баъди ӯ масъалаи худшиносии миллӣ, ифтихори таърихиву фарҳангӣ ва ватандорӣ дар маркази таваҷҷуҳи шоирону нависандагон ва муаллифони кутуби адабию таърихӣ будааст. Дар замони ҳуҷуми фарҳангии бегонагон Бағдодро ҳамранги Бухоро шинохтани Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ паёми худшиносӣ ва худафрӯзӣ дошт (Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост, Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост).    «Шоҳнома» -ро ба фарҳанги миллии мо табдил додани Фирдавсии бузургвор ҳадафи волои худгарӣ ва зинда доштани миллати куҳанбунёд буд, на чизе дигар (Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ…).

То инкилоби Октябр аслу асолати ин мавзӯъ дар матни адабиёту фарҳанги суннатии мо ҳифз шудааст. Мутаассифона, сиёсати табақотии ҳизби коммунист ва давлати Шӯравӣ пояҳои эътиқодоти миллиро то ҷое суст кард. Сиёсати худкомаи Шӯравӣ идеологияи хоси худро дошт, ки бар пояи ҷаҳонбинии моддӣ ва даҳрӣ асос ёфта буд ва ин сиёсат ба давлат ва сарнавишти миллатҳову кишварҳо, аз ҷумла тоҷикон танҳо ба унвони як пораи ҷуғрофиё дар ҳудуди Шӯравӣ менигарист. Барои ин сиёсат дигар сарзамини ниёгони мо ҳамчун як фарҳанг, маънавият, тамаддун, суннати шинохташуда ба ҳисоб намерафт. Дар тӯли мавҷудияташ ин ҳукумат то ҷое ба хомӯш мондани ҳувиятҳои миллии ҳудуди Шӯравии собиқ мусоидат ҳам кард. Баъзе халқияту қавмҳо аз решаҳои таърихиву фарҳангии худ ҷудо шуданд ва ҷараёни омезишашон бо халқи ба истилоҳ Шӯравӣ (советӣ) зуд амалӣ шуд. Манзури мо баъзе қабилаҳои манотиқи Сибир ва Шарқи Шӯравии собиқ аст.

Ба бахти миллати мо дар ҷараёни омезиши иҷбории халқҳои Шӯравии собиқ тоҷикон тавонистанд ҳувияти миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии худро ҳифз кунанд. Агарчи аз ин гирудор  миллат беосеб берун наомадааст, вале тавонистанд чун дар замони ҳуҷуми араб ҳастии таърихӣ ва фарҳангии худро ҳифз кунанд. Дар ҷараёни ҳифз ва эҳёи ҳувияти миллӣ ва таърихиву фарҳангии тоҷикон хидмати равшанфикрон, шоирону нависандагон ва донишмандони огоҳу миллатдӯсти мо  хеле бузург аст.

Нависандаи таърихнигори мо устод Сотим Улуғзода яке аз он дилбастагон ва фидоиёни миллат буд, ки дар раванди ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ҷараёни худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихороти ватандорӣ нақши муҳим доштааст. Огоҳии комил ва дилбастагии хирадмандона ба сарнавишти таърих ва фарҳангии миллат ва тамаддуни гузаштаву имрӯзаи он нависандаро во доштааст, ки бо озодагӣ, ҷавонмардӣ ва фидокории тамом гузаштаи пур аз ифтихорро дар ёд ва зеҳни имрӯзиён зинда сохта, арзишҳои ҷовидонаи таърихӣ, нажодӣ ва фарҳангии ниёгонро дар ташаккул ва таҳаввули симои имрӯзаи маънавии миллат ба кор гирад. Сотим Улуғзода ба воситаи осори илмӣ ва бадеиаш  саъй кардааст, то ҳувияти миллии тоҷикиро аз умқи тамаддун, таърих ва амалу кирдори шахсиятҳои таърихӣ ва фарҳангӣ берун оварад ва онро дар бархӯрд бо дигар тамаддунҳо арзёбӣ кунад. Ҳамин диди хирадмандона ва ҷусторҳои фидокоронаи нависанда сабаб шудааст, ки хонандаи имрӯз дар масири осори ӯ амалан ба кашфи ҳувияти тоҷикӣ ва шинохти меъёрҳои он, ки воқеан ҳам боиси ифтихори имрӯзиён ва пасояндагон аст, даст ёбад.

Нависандаи огоҳ ва миллатпараст аз нахустин қадамҳои эҷодиаш тавонист, ки дар заминаи сарнавишти таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддуни ғании гузашта ва асноди воқеӣ унсурҳо ва намодҳои ҳувияти миллии тоҷикиро офарад, ки бунёди онро фарҳанги волои маънавӣ ташкил диҳад. Коре, ки дар заминаи худшиносии миллӣ Сотим Улуғзода анҷом дод, танҳо барои бузургдошти ин миллат, барои хештаншиносии маънавию ахлоқӣ, аз олоиш пок доштани сиришти он ва таъмини бақои ҳастии таърихӣ ва фарҳангии тоҷикон дар дарозои таърихи ин дунёи куҳан будааст. Сотим Улуғзода аз таҷрибаи таърихӣ ва сарнавишти фарҳангии миллат рукнҳо ва намодҳоеро берун кашидааст, ки дар тӯли  замонҳо шакл гирифта, то ба рӯзгори мо расидаанд ва минбаъд низ метавонанд омили бақо, ташаккул ва сарафрозии наслҳои ин миллати куҳанбунёд бошанд. Вақте сарнавишти нависандагӣ ва ҷузъиёти осори ҳунарии нависандаро пеши назар меоварем, дармеёбем, ки нависанда, пеш аз ҳама, мутаваҷҷеҳ ва пойбанди рукнҳо ва намодҳои зерини ҳастии таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳувияти тоҷикӣ будааст. Муҳимтарин ва коромадтарин рукнҳо ва намодҳои шинохт, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандориро дар заминаи фаъолиятҳои илмӣ ва адабии Сотим Улуғзода ба тариқи зерин метавон дастбандӣ кард: рукни аввалин ва муҳимтарин барои нависанда забон буда, фарҳанг, хусусиятҳои ахлоқӣ, адабиёт, ҳунар, таърих, осори бостонӣ, шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳудуди ҷуғрофиёӣ, сиёсати давлатдорӣ, ки реша дар таърихи куҳан дорад, аз нишонаҳои дигари ифтихории ҳувияти миллӣ ва ватандорӣ шинохта шудаанд.

Ба ин далел метавон гуфт, ки мояҳои омӯзишӣ ва раҳнамое, ки дар ташхиси мавзӯи худшиносии фардӣ ва милливу таърихӣ дар осори нависанда муассир воқеъ гардидаанд, пеш аз ҳама, забон, адабиёт ва таърихи миллист, ки нависанда дар он бо меҳру муҳаббати хос майл карда ва ин равиш дар такмили худшиносии миллии нависанда ва таҳаввули ин мавзӯъ дар осори ӯ як омили муассир ва неруманд будааст. Ба ифодаи сареҳтаре, Сотим Улуғзода аз ибтидои фаъолияти эҷодиаш моҳияти масъалаи худшиносии миллӣ ва таърихназариро дуруст дарк карда, онро дар таҷрибаи эҷодиаш ҳадафмандона корбаст намуд.

Агар ба ҳисоб оварем, ки адабиёти миллӣ, пеш аз ҳама, таҷассуми манфиатҳои миллӣ ва таърихии миллат аст, пас бо итминон метавон гуфт, ки ин масъаларо Сотим Улуғзода тавонист, ки ба манфиати дирӯзу имрӯз ва ояндаи миллат ба миён гузорад ва ҳаллу фасл намояд. Нависанда бар он даст ёфт, ки асли таърихи гузаштаи миллатро ҳамчун фаъолияти олии маънавӣ ва ҳунарӣ таҷассум намояд. Аз ин мавқеъ Сотим Улуғзода дар тадқиқи бадеии таърих бештар ба масоиле таваҷҷуҳ доштааст, ки дар муҳимтарин давраҳои таърих барои тоҷикон сарнавиштсоз будааст. Дар ин замина вай бо таълифи як силсила осори илмӣ ва бадеии таърихӣ масъалаи худшиносӣ ва худогоҳиро ба тарзи нав ҳаллу фасл карда, ба ин васила ягонагии таърихӣ ва фарҳангии халқеро, ки соҳиби он аст, таҷассум намуд. Ҳадафи нависанда аз ин иқдоми созанда ин буд, ки ба ин васила хонандаро ба маҷрои хештаншиносии маънавӣ раҳнамоӣ карда, ба пояи тозаи худогоҳии миллӣ расонад ва барои ҳамвор сохтани роҳи инкишоф ва эҳёи таърихӣ заминаи устувор муҳайё созад. Нависанда ба воситаи осори илмӣ ва бадеии таърихиаш муҳити собити маънавие сохт, ки ба ҳастии таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик созгор аст. Ба ин васила вай роҳро ба сӯи сарчашмаҳои  фарҳанги маънавӣ, ба тамоми маънии сухан боз намуд. Ба ифодаи дигари саҳеҳи устоди зиндаёд  Худоӣ Шариф, «масъалаи аз ифтихори миллӣ сухан гуфтан ҳамчун нишонаи адабиёти миллӣ дар адабиёти тоҷик насиби Сотим Улуғзода гардид. Драмаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон» тақдири шахсияти тоҷик, дифои манфиатҳои онро ҳадафи мавзӯъ ва мазмун қарор додаанд. Романи «Восеъ» тасвири саҳнаи зиндагии мардуми тоҷик дар охири асри нуздаҳ мебошад. Дар ягон асари дигар муносибатҳои тоҷикон бо дигар кавмҳои Осиёи Миёна  ба ин густурдагӣ тасвир нашудаанд. Агар адабиёти миллӣ дарвоқеъ ҳамин тасвири ормону хоҳишҳо дар симои шахсиятҳои миллӣ бошад, Сотим Улуғзода бо асарҳои барҷастааш дар ин мавзӯъ арзанда аст, ки ба ӯ муҷассамаи ёдгорӣ гузашта шавад» (Худои Шарифов.  Сухан аз адабиёти миллии тоҷик-  Маҷмӯаи мақолаҳо-Душанбе: 2009-с.310).

Воқеан ҳам агар адабиёти миллӣ дар назди кулли миллати олам ҳамон адабиёте бошад, ки адибон дар баҳои таърих ва тақдир ва муаммоҳои ҳастӣ ва мақсадҳои миллии ҳамон халқ эҷод кардаанд, пас осори Сотим Улуғзода дар шинохти таърих, муаммоҳои сарнавишти миллат ва ҳадафҳои миллӣ ҳарфи тоза ва бавазн мебошад.

Сотим Улуғзода баъд аз устод Айнӣ ягона нависандаест, ки ба таърихи миллати тоҷик чун ба таърихи яке аз «халқҳои меҳвар» (К.Ясперс), ки сарнавишти худро пайгирона идома дода, ҷаҳише ба амал оварданд ва дар ин ҷаҳиш гӯё дубора зода шуданд, умри дубора ёфтанд, дар натиҷа асоси моҳияти маънавии инсон ва таърихи ҳақиқии ӯро бунёд гузоштанд», назар мекунад. Чунин назар моҳияти масъалаи худшиносии миллиро дар заминаи осори таърихӣ муайян менамояд. Дар маркази ин консепсия, пеш аз ҳама, инсони таърихӣ, нависандаи таърихнигор ва ҳадафҳои созандаи миллӣ меистанд.   Дар консепсияи эҷодии Сотим Улуғзода инсони таърихӣ ва ормони таърихӣ маҳаки аслии худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошанд.

Чунонки ишора рафт, яке аз мояҳо ё худ рукнҳои омӯзишӣ ва раҳнамое, ки масъалаи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихороти миллиро дар эҷодиёти ӯ ташхис медиҳад, пеш аз ҳама, забон аст. Дар консепсияи ҳунарии Сотим Улуғзода робита миёни забон, ҳувияти миллӣ ва ифодаи ватандорӣ масъалаи муҳимтарин аст. Ба ифодаи дигар, нависанда забонро ҳамчун рукни аслӣ ва омили ҳувиятсози миллии тоҷикон арзёбӣ карда, онро далели собити ҳастии таърихӣ ва фарҳангии ин миллат медонад. Дар тафсири нависанда санади муҳим ва тақдирсози дигар ин аст, ки забони форсии тоҷикӣ василаи аслии ҳифз ва ҳувияти миллӣ ва тамомияти арзии сарзамини бузурги гузаштагони мост. Далели ин ба назари нависанда ин аст, ки ин забон ваҷҳи мушаххаси тамоми қавмҳои ориёӣ аст, ки дар тӯли асрҳо бо фишори бегонагон ҳувияти миллӣ ва фарҳангии худро аз даст надода, балки ба ҳар ваҷҳе устувор сохтааст. Бинобар ин ҳам дар солҳои душвори сиюм ва ибтидои чилум дар ҳимояи забони тоҷикӣ ва суннатҳои неки он бе ҳеҷ боке мақолаҳо навиштани Сотим Улуғзода гувоҳи ҷасорати инсонӣ ва ҳимояи ватандории ӯст. Аз ҷумла, мақолаи ӯ «Дар бораи фамилияҳо ва номҳо»  масъалаи покизагии забон, идомат ба ҳифзи ҳувияти миллӣ, ҳастии таърихӣ ва фарҳангиро дар заминаи номгузорӣ ва фамилиясозӣ ба миён мегузорад. Нависанда дар ин мақола тарафдори ҳифзи номгузорӣ ва фамилиясозии суннатии тоҷикӣ буда, оид ба интихоби часпакҳои фамилиясоз диди таърихияшро баён кардааст, ки ин амал гувоҳи садоқати ӯ ба нишонаҳои ҳувияти миллӣ, аз ҷумла забон аст. Соле, ки Сотим Улуғзода ин мақоларо навишт, ҳанӯз таъсир ва таҳлукаи ҷабри сталинӣ нагузашта буд ва худи нависанда низ ин ҷабрро кашида, муддате дар Қазоқистон паноҳанда шуд. Бо вуҷуди фишорҳои сиёсӣ нависанда ба саволи гузоштаи худ «Дар қатори часпакҳои -ов , -ев часпакҳои –зода ва –и-ро ҳам гирем ё не?» чунин посух медиҳад: «Ин шакли фамилиясозӣ фақат ё бештар дар байни интелегенсия вомехӯрад ва он ҳам хеле кам (-зода нисбатан зиёдтар). Лекин –зода номи падар (отчество) –ро нишон медиҳад, -и ном (агар тахаллуси адабӣ набошад).

Эҳсосоти миллии нависандаи мо дар тамоми осораш ҷанбаи мусбат дошта, ҳадафаш эҳёи ҳувияти тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Чунин консепсияи идроки бадеии ӯро интихоби номҳо дар осораш, тасвири расму ойинҳои суннатӣ ва ғояи ормонҳои худсозии миллӣ таъйид мекунанд. Дар интихоби номи шахсиятҳои осораш манфиатҳои таърихиву миллӣ назди ӯ эътибор доранд. Зикри номҳои меросии миллӣ дар осораш навъе намоди мазҳари рӯҳи тоҷикӣ аст, ки баҳрабардорӣ аз он худсозӣ ва худшиносӣ аст. Ба ифодаи дигар, Сотим  Улуғзода дар осораш ҳамеша ба худшиносии миллӣ бартарӣ дода, онро василаи эҳё ва ҳифзи нангу номуси миллат медонад.

Масъалаи ҳифзи забон ҳамчун унсури ҳувиятсози миллӣ аз нигоҳи Сотим Улуғзода ба ҳастии таърихӣ ва миллии тоҷикон марбут мешавад. Нависанда ҳам дар мақолаҳояш,  ҳам дар осори бадеияш аз ин мавзӯъ фосила нагирифтааст. Аз ҷумла, мақолаҳои «Алифбо- пайкари тамаддун» ва «Тоҷики дурага? Кист вай?» на фақат масъалаҳои ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва хатро ба миён гузоштаанд, балки ба равишҳои номатлуби забонсозӣ ва забони тоҷикӣ кӯшиши ранги маҳал доданро маҳкум кардаанд. Дар ин мақолаҳо барои нависанда ҷуғрофиёи забони тоҷикӣ дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Дар тафсири нависанда бозгашт ба хатти меросӣ ҳифзи асли хеш буда, эҳёи забон ва полоиши он аз аносири бегона яке аз василаҳои таъмин ва таҳкими истиқлоли миллӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Рукни дигари муҳимтарини андешаи худшиносии миллии Сотим Улуғзодаро ситоиш ва таҷассуми бузургони фарҳанг ва адабиёти тоҷикӣ -форсӣ  ташкил медиҳад. Сотим Улуғзода дар ин замина беш аз ҳар нависандаи дигар хидмат кардааст. Ба ифодаи Худоӣ Шарифов, «дар эҷодиёти Сотим Улуғзода аз нигоҳи марзи бурунии ҳаводиси муҳити миллӣ ва дохилии ҷараёни воқеот сарҳадоте мавҷуд аст, ки кулли таълифоти ӯро дар маҷмӯъ чун як достони таърихии тоҷикон намудор месозад».

Осори илмӣ ва бадеии нависанда дар бораи муҳимтарин давраҳои таърихии тоҷикон  («Ривояти суғдӣ» ) дар тасвири симои мардони бузурги таърих ва фарҳанг, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Аҳмади Дониш ва дигарон, пеш аз ҳама, ифодагари ормонҳои миллии ӯянд. Консепсияи таърихназарӣ ва идроки бадеии масъалаҳои худшиносӣ, худогоҳии таърихии халқ ва ифтихори миллӣ дар осори илмӣ, бадеӣ, драмавӣ ва синамоии нависанда хусусияти хос дошта, ба истеъдоду ғурури миллӣ, инсонӣ ва фардияти диди таърихии нависанда сахт вобастааст. Ин гуна осори нависанда «маҷмӯи воқеаҳои шавқангез» набуда, балки оинаи ибрат, дарки моҳият ва арзиши инсонии ҳодисоти таърихӣ ва сарнавишти мардони бузурги таърих аст. Дар ин гуна  асарҳои нависанда таърихи пурбаракату пурмоҷарои тоҷикон ва сарнавишти як зумра ашхоси бузурги он дар ҷомеаи бадеӣ ва аз диди асри зиндагии муаллиф зинда гардидаанд.

Сотим Улуғзода беш аз ҳар нависандаи дигар ба сарнавишти таърихии тоҷикон ва шахсиятҳои фарҳангии таърих таваҷҷуҳ кардааст. Ҳадафи нависанда аз тасвири таърихи пурифтихори гузашта ва сарнавишти фарзандони баруманди миллат он будааст, ки таърих бардошти бадеии созанда дошта бошад, аз ҳодисоти таърихӣ ва сарнавишти  шахсиятҳои таърихиву фарҳангӣ дарси ибратбахш барои муосирон  дарёбад, ба маънии сабақҳои таърих сарфаҳм равад ва ба ин васила ба хонанда низ аз боби худшиносӣ, худогоҳӣ, инсоният ва инсонгароӣ сабақи муҳим диҳад. Ба ифодаи дигар, падидаи маърифатҷӯй аз таърих, ки майлони худогоҳӣ, худшиносӣ ва ифтихороти ватандориро ба худ ҳамроҳ доштааст, дар ин гуна осори нависанда хеле ҳам таъсиргузор аст.

Сотим Улуғзода ба василаи осори илмӣ, бадеӣ ва драмавию синамоияш ёди таърихиро зинда карда, вусъат бахшид. Бо вуҷуди он, ки сиёсати  Шӯравӣ пеши роҳи таблиғи ифтихороти миллӣ бандҳо гузошта буд, нависандаи бедордил ва миллатпараст бо ғурур ва ҷасорате, ки  хоси ӯ буд, мавзӯи таърихиро дар пайванд бо ифтихорот ва бахти миллӣ ривоҷ бахшид. Аз ин ҷиҳат ҳам оид ба шахсиятҳои бузурги фарҳангии гузашта- Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Аҳмади Дониш ва Восеъ асар навиштани нависанда ҳадафмандона буд. Ин шахсиятҳо дар тасвири нависанда қаҳрамони роҳи маърифат, озодии маънавию иҷтимоӣ ва истиқлоли миллӣ буда, намоди тасвиргузори худшиносию ватанхоҳӣ низ ҳастанд.

Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» — и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тафсири саҳеҳи Сарвари давлат   ба Исмоили Сомонӣ ва дигар абармардони таърихи тоҷикон давраи комилан нави фаъолияти чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ оғоз меёбад, ки ҷанбаи хоси миллӣ дорад. Аз ин ҷиҳат, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав,  Шамси Табрезӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ,  Ҷомӣ,  Бедил, Туғрал, Мирзо Турсунзода ва  Сотим  Улуғзода аз нигоҳи ӯ миллатдӯсту ватансоз буда, раҳнамову сарнавиштсози  миллат буданд ва хоҳанд монд. /Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор.- Душанбе: «Эр- граф»,  2016. –с. 4/.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди хизмати таърихии устод Улуғзода  ӯро «Мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ» номида,  дар алоҳидагӣ зикр кардаанд: «Маҳз аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини  Сотим Улуғзода хонанда, ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он марҳала ба марҳала ба даврони пурэъҷози Сомониён ва рӯзгори пурфоҷимаи устод Рӯдакӣ дар драмаи «Қисмати шоир», муборизаи беамони мардум алайҳи аҷнабиён дар қиссаи «Ривояти суғдӣ», зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеъи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шудаанд. Оре, Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бахшид».  /Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор.- Душанбе: «Эр- граф»,  2016. –с. 360/.

Тавре шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ фармудааст:

Бузургонро бузургон зинда медоранд,

Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд…

Дар фароварди сухан метавон таъкид кард, ки Сотим Улуғзода ба василаи тасвири симои инсонӣ ва ҳунарии Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, ибни Сино, Аҳмади Дониш, Восеъ ва Темурмалик, пеш аз ҳама, бақои ҳастии маънавӣ ва ҷисмонии миллатро таъкид карда, ба асли фитрат мерасад, ки ин равиши тозаи диди худшиносии миллӣ ва андешаи ифтихори ватандории ӯро исбот месозад.

Сайрам БАҚОЗОДА,
                                                                           номзади илми филологӣ

 

Апрель 6, 2019 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» неру ва тавоноии Артиши миллиро тақвият мебахшад
ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар Тоҷикистон имсол зиёда аз 196 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Интихоби маҳсулоти бенуқсон яке аз шартҳои асосии риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми тайёр кардани консерва мебошад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Ҳадафи ин иқдом тарғиби либоси миллӣ ва ҷалби тарроҳон ба муосиргардонии он мебошад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Созмони ҳамкории Шанхай зимни қабули тасмимот мавқеъ ва манфиатҳои тамоми мамлакатҳои узвро ба инобат мегирад ва эҳтиром менамояд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ВОРИСИ АРЗАНДАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Маротибаи аввал дар таърихи давлатдории Чин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар тақдим карда шуд
САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН СОҲАИ ОЯНДАДОР АСТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода
«ДУШАНБЕ-КУЛМА». Бо кумаки молиявии Чин яке аз мушкилтарин қитъаҳои ин шоҳроҳ — «Қалъаихумб-Ванҷ-Рӯшон» таҷдид мегардад
Чин дар ҷануби Тоҷикистон неругоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ месозад
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар самти пешгирии обшавии босуръати пиряхҳо шарики қавӣ ва боэътимоди Созмони Милали Муттаҳид аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Чин бузургтарин сармоягузори мо ба ҳисоб меравад»
Муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон: Ба хотири ояндаи дурахшон