Дар Бадахшон маъракаи даъвати баҳорӣ пурра ба анҷом расид

Апрель 9, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 апрел пурра ба анҷом расид.

Тавре аз Комиссариати ҳарбии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ аввалин шуда, ҷавонони баору номуси маркази вилоят-шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвозу Мурғоб ва Ванҷ бо дарки баланди масъулияти ватанпарастӣ ташаббус нишон дода, ба ҳимояи хоки муқаддаси Ватан сафарбар гардиданд.

Ҳамзамон дар ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон ва Ишкошиму Роштқалъа низ ин маъракаи муҳим муташаккилона ба роҳ монда шуда, маъракаи  даъват дар ҳафтаи аввал таъмин карда шуд. Ташаббуси ихтиёран ҳозир шудани ҷавонон ва дар муддати кӯтоҳ иҷро гардидани маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ бори дигар исбот мекунад, ки имрӯз ҷавонони Бадахшон ҷонибдори сиёсати созандаи давлату Ҳукумат мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат зимни мулоқот бо фаъолон ва сокинони ВМКБ вобаста ба даъвати ҷавонони вилоят ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ супоришҳои мушаххас дода буданд. Маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳри Хоруғ мушкилиҳои зиёд ба бор оварда буд ва маъракаи даъват асосан аз ҳисоби донишҷӯёну сокинони дигар минтақаҳои кишвар иҷро карда мешуд.

Бо назардошти ин ва дигар омилҳо аз моҳи сентябри соли 2018 Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят ташкил карда шуд. Он дар баробари таъмини волоияти қонун ҳамчунин ба сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Волидони наваскарон ифтихорманд аз он ҳастанд, ки фарзандони онҳо имрӯз дар ҳимояи марзу буми кишвари соҳибистиқлоламон дар қатори фарзандони шуҷои дигар минтақаҳои мамлакат саҳмгузорӣ намуда, хоки муқаддаси Ватанро муҳофизат менамоянд. Зеро таъмини амнияти кишвар заминаи асосии ҳаёти осоиштаи мардум ва рушди босуботи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд зикр намуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ дар баробари қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ҳамчунин мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, Қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастиянд. Аз ин хотир ҳар як ҷавонмарди бонангу ор бояд ин қарзи муқаддаси худро дар назди Ватан-Модар фаромӯш накарда, дар ҳифзи марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша омода бошад.

Апрель 9, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид