Дар баъзе ноҳияҳои шаҳри Душанбе қувваи барқ бинобар корҳои таъмирӣ муваққатан қатъ карда мешавад

Апрель 3, 2019 09:20

ДУШАНБЕ, 03.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бинобар сабаби  гузаронидани корҳои таъмирӣ дар як қисми  кӯчаҳои ноҳияҳои пойтахт қувваи барқ муваққатан,  аз соати 09:00 то 16:00  қатъ  карда мешавад.

Тавре аз Ҷамъияти Саҳомии кушодаи Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар кӯчаҳои Титов, Улуғбек, Афзалӣ, Гостеллои ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаҳои Есенин, Фучик, Матросови ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Навбаҳор, кӯчаҳои А.Навоӣ ва Навободи ноҳияи Сино қувваи барқ хомӯш карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст  карда мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки маҳдудияти неруи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти калони энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад. Ба гуфтаи масъулини ШСХК «Барқи тоҷик», корҳои таъмирию профилактикӣ ҳамасола гузаронида мешаванд. Зеро таҷҳизоти энергетикӣ дар мавсими душвори зимистон бе таваққуф фаъолият кардаанд ва бояд онҳо барои фаъолияти минбаъдаи бехатар аз таъмири профилактикӣ гузаронида шаванд. Мутахассисони соҳаи барқ кӯшиш доранд, ки таҷҳизоти энергетикиро дар муҳлати муайяншуда таъмир намоянд. Ба зикри манбаъ, шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба воситаи сомона, радио ва шабакаҳои телевизионӣ  ҳамарӯза сокинонро аз қатъи неруи барқ дар минтақаҳои гуногуни пойтахт огоҳ мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз  пеш Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» бинобар сабаби мушкилоти дар ин самт пешомада ҷиҳати таъмини мамлакат бо неруи барқ ба муштариён муроҷиатнома манзур намуд.  Дар он гуфта мешавад, ки бояд ҳар яки мо огоҳ бошем, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва сари вақт пардохтани  маблағи барқи истифодашуда барои таъминоти пурра ва муназзами кишвар бо  барқ  аз шартҳои асосӣ  ба шумор меравад. Чанд сол муқаддам мо орзу мекардем, ки маҳдудият барҳам дода шавад. Инак, аз 14 январи соли 2017 инҷониб дар сар то сари ҷумҳурӣ  ин маҳдудият бардошта шуд ва ин сабаби кам шудани ташвишу ногувориҳои мардум гардидааст. Вале, мутаассифона, исрофи беҳудаи неруи барқ ва пурра пардохт нагардидани маблағи барқи истифодашуда имрӯз сабаби нигаронии ҷиддӣ қарор дорад. Тамоми зимистон бо барқ таъмин будан истифодаи дигар намудҳои сӯзишвориро маҳдуд намудааст, вале дар як вақт муштариён бобати пардохти ҳаққи барқ масъулияти ҷиддӣ  нишон намедиҳанд. Дар ин ҳолат таъмини пурра ва муназзами кишвар бо барқ хеле душвор ва то дараҷае ғайриимкон гардидааст.

Дар муроҷиатнома зикр шудааст, ки тамоми мушкилот  ба шарте бартараф мегарданд, ки  ҳамаи муштариён сари вақт ва пурра ҳаққи барқро пардохт намоянд.  Алҳол Ширкати «Барқи тоҷик» имконияти техникии ба таври  инфиродӣ хомӯш намудани барқи ҳар як муштарии қарздорро надорад. Аз ин рӯ, дар натиҷаи зам шудани қарзҳо деҳаҳои алоҳида, ҷамоатҳо, шаҳраку микрорайонҳо аз неруи барқ маҳрум мешаванд. Ин амал нисбат ба муштариёне, ки маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт менамоянд, ноинсофӣ мешавад.

Аз ин рў аз шаҳрвандони кишвар даъват карда мешавад, ки бобати пардохти маблағи барқи истифодабурдаашон нисбат ба ҳамсояҳои худ таъсир расонанд ва бетараф набошанд.

Апрель 3, 2019 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд