Дар Давҳа музокироти мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрели 2019 дар шаҳри Давҳа –пойтахти Давлати Қатар музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар таҳти раҳбарии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва раиси Кумитаи авиатсияи граждании Давлати Қатар Абдулло Носир ал-Субейъӣ оғоз гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни музокирот Икром Субҳонзода ва Абдулло Носир ал-Субейъӣ ҷараёни татбиқи дастурҳои роҳбарони олии ду кишвар дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ин росто иҷрои амалии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоиро, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар моҳи феврали соли 2017 ба имзо расид, баррасӣ намуданд.
Дар ин замина ҷонибҳо атрофи масъалаҳои тавсеаи ҳамкории судманди мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистону Қатар ва таҳияи барномаи ҳамкории техникӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ миёни Душанбе ва Давҳа, истифода аз имкониятҳои фурудгоҳҳо ва марказҳои логистикии кишварҳои ҳамдигар бо мақсади рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ табодули назар карданд.
Музокироти ҳайатҳои мақомоти авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қатар то 23 апрели 2019 идома хоҳанд ёфт.
Ҳамчунин 21 апрели соли 2019 дар шаҳри Давҳа вохӯрии Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Давлати Қатар Ҷосим бин Сайф ал-Сулайтӣ бо директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва нақши он дар таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва инчунин имкониятҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷониби Қатар изҳор дошт, ки омода аст дар омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои рушди соҳаи ҳавопаймоии мадании Тоҷикистон мусоидат намояд.








Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд






