Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи гӯштини миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 10.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ шанбеи 3-юми моҳи апрел Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯз дар баробари чорабиниҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ як зумра мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Тавре мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, бахшида ба Рӯзи пойтахт дар баробари 10-умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки 20 апрел доир мегардад, дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ва 27 апрел мусобиқаи гӯштини миллӣ бо иштироки беҳтарин паҳлавонони мамлакат аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва ноҳияи Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Ҳамчунин аз 21 то 24 апрел дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба теннис миёни наврасону ҷавонон ва духтарон ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, дар ҳамаи майдончаҳои шаҳри Душанбе, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳанд ва дар толорҳову мактабҳои варзишӣ баргузории мусобиқаҳои оммавии варзишӣ оид ба намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, шашкаю шоҳмот дар назар аст.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






