Дар Душанбе корҳои омодагӣ ҷиҳати таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.04.19. /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 1 апрели соли 2019 ба имзо расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки Рӯзи пойтахт тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, ки он имсол ба 20 апрел рост меояд. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.
Ҳамзамон дар Рӯзи пойтахт маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандони асилу чирадаст ва устоҳои моҳир дар иртибот ба Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази намоиш гузошта мешаванд.









Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






