Дар Душанбе ниммарафони X байналмилалӣ доир мегардад

Апрель 11, 2019 16:18

ДУШАНБЕ, 11.04.19. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 апрел Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузор намудани Ниммарафони X байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт тасдиқ гардид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ниммарафон бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе дорои ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доир карда мешавад.

Дар қарор зикр шудааст, ки 20 апрели соли 2019, соати 9:00 мусобиқаи Ниммарафони X байналмилалии Душанбе мутобиқи хати дави муайянгардида доир карда мешавад.

Бо дарназардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар банди 4-уми қарор аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шудааст, ки ҷиҳати дастрас намудани раводид барои варзишгарону меҳмонони даъватшуда ва дархосту пешниҳодҳо мусоидат намояд.

Апрель 11, 2019 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад