Дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид

Апрель 1, 2019 12:50

ДУШАНБЕ, 01.04.2019 /АМИТ «ХОВАР»/. Имрӯз дар майдони 800-солагии Москваи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мақсади   иҷрои  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз   29 марти  соли  2019  «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ»  Рӯзи даъватшаванда  баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар  ҳамоиши мазкур  муовини Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Назримадзода, муовини Вазири мудофиаи   Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асрор Латифзода, муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон  ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, намояндагони комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои пойтахт, собиқадорон, падару модарон ва  роҳбарони  дигар сохторҳои дахлдор   ба наваскарон роҳи сафеду хизмати софдилона тамано намуданд.

Аз ҷумла, Б.Назримадзода   ба  ҷавонони даъватшуда   таъкид намуд, ки  «хизмат дар сафи  Артиши миллӣ ин муҳофизати Ватан, муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои  номовари   мо мебошад.  Ҳимояи  Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванд буда,  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавононмардон  мактаби  далериву мардонагист.   Ҷавонмардон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллии худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд».

Дар ин радиф,  Ризо Назарзода  таъкид намуд, ки  мояи ифтихор аст, ки  имрӯзҳо  сафи ҷавонписарони шаҳри Душанбе дар қатори дигар ҷавонписарони мамлакат, ки  ихтиёран барои хизмат ба    сафи Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд,  меафзояд. Онҳо бо  камоли ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ  омодаи хизмат шуда,   ба хубӣ дарк  мекунанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан қарзи фарзандӣ ва мояи ифтихори ҳар як ҷавонмард мебошад.

Сипас намояндагони падару модарони даъватшавандаҳо дар назди иштирокдорони ҳамоиш  баромад намуда, иброз доштанд,  ки сарбаландона адо намудани   хизмати ҳарбӣ – ин  ба ҷо овардани қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард  дар назди Ватан –Модар аст. Аз ҷумла, Шаҳринисо Ваҳҳобова модари яке аз даъватшавандаҳо иброз дошт, ки танҳо ҷавонмардони  бонангу номус  ихтиёран  барои  дифои Ватан   омода шуда,   хизмати ҳарбӣ -мактаби мардонагиро  сарбаландона мегузаранд. Ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омадани ҷавонон  нишоне аз   ба ҷо овардани ойинҳои ҷавонмардист. Чунин   фарзандони шуҷову далер мояи ифтихори  волидайн мебошанд.

Дар ҳамоиш ба наваскарон  дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ронандагӣ ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Дар маросим намоиши  машқҳои зебои ҳарбӣ, ҳамчунин барномаи рангини фарҳангӣ  доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» қарори  Раиси шаҳри Душанбе  ба тавсиб расид.

Тибқи Фармони мазкур моҳҳои апрел-майи соли 2019 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Апрель 1, 2019 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд