Дар озмуни «Сайри гули лола» Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб сазовори ҷойи якум гардид

Апрель 1, 2019 08:33

ДУШАНБЕ, 01.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб озмуни шаҳрии «Сайри гули лола» ҷамъбаст гардид. Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб сазовори ҷойи якум, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сазовори ҷойи дуюм, Бонки миллӣ дар шаҳри Кӯлоб ва ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  дар асоси низомномаи озмун ташкилоту муассиса, корхона ва ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кӯлоб вазифадор гардиданд, ки дар доираи озмуни «Сайри гули лола» дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, назди ташкилоту муассиса ва корхонаҳои худ гули лола, садбарг ва дигар гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонанд.

Ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» аз ҳолати воқеии корҳои анҷомдодашуда дидан намуда, озмунро ҷамъбаст намуд. Беҳтаринҳо аз рӯи шумораи истифодаи ҳарчи бештари намуди гулҳо, аз ҷумла гули лола, интихоби композитсияву дизайни ҷолиб, сифати кор ва ҳолати нашъунамо, ки аз дигарон бартарӣ доштанд, ғолиби озмун дониста шуданд.

Дар натиҷа маълум гардид, ки дар шаҳру деҳоти Кӯлоб то 29 марти соли равон  зиёда аз 23 ҳазор дона гули лола, зиёда аз 45 ҳазор дона гули садбарг ва 103 851 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, ба ҳусни шаҳр зиннату ороиш бахшидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ, баланд бардоштани завқи эстетикӣ, зебошиносӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва сатҳи маърифати экологии сокинон, тозагии муҳити зист ва бунёд намудани гулгаштҳо гузаронида мешавад.

Апрель 1, 2019 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид