Дар Тоҷикистон ба шарафи Рӯзи пойтахт як қатор мусобиқаҳо баргузор мегарданд

Апрель 20, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 20.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида  ба  Рӯзи пойтахти Тоҷикистон  — шаҳри Душанбе, ки имрӯз  таҷлил мегардад, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     таҳти шиори «Пойтахт- тараннумгари музаффариятҳои мо, ҷавонон ва варзишгарон» баргузории беш аз 340 барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, иттилоотиву таблиғотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардониро  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,   барномаҳо аз 15 апрели соли равон оғоз гардида, имрӯз, 20 апрел  хотима меёбанд.

Мақсад аз гузаронидани барномаҳои мазкур ба роҳи рост ҳидоят намудани насли наврасу ҷавон, дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аксарияти  барномаҳои  фарҳангӣ, фароғатӣ, иттилоотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ  имрӯз  дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои варзишӣ  баргузор мегарданд.

Апрель 20, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад