Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон масоили густариши ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ироқ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вохӯрии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Умарзода бо ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати таҳқиқоти ин вазорат Босим Карим Мусо баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода зикр кард, ки бар зидди ҷинояткорӣ ва хатару таҳдидҳои замони муосир дар ҳамбастагию ҳамкорӣ ва дастаҷамъона мубориза бурдан натиҷаҳои дилхоҳ ба бор хоҳад овард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои хавфнок мавриди баррасӣ қарор дода, як зумра таклифу пешниҳодҳои судманд манзур намуданд.
Ҳамчунин лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ироқ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар хотима ҷонибҳо ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкории дуҷониба изҳори боварӣ намуданд.








Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст






