Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дастаҳои Қирғизистону Мйанмаро шикаст дод
ДУШАНБЕ, 09.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дирӯз дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин бар дастаи мунтахаби Мйанма бо натиҷаи 5:0 ғалаба карда, мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт. Дар даври аввали бозиҳо футболбозони навраси мамлакат дастаи мунтахаби Қирғизистонро дар ин поя бо натиҷаи 8:0 шикаст доданд. Мавзӯъро мухбири варзиши АМИТ “Ховар” Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.
Ҳунарнамоии дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба футболи кӯдакону наврасон дар кишвар дар сатҳи баланд қарор дорад ва футболбозони навраси мо дар Осиё ва ҷаҳон мавқеи хуб пайдо кардаанд. Роҳхати дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи мамлакат ба Чемпионати ҷаҳон-2019 далели ин гуфтаҳост.
Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи Тоҷикистонро хонандагони Академия футболи ФФТ ташкил медиҳанд. Ду вохӯрӣ дар мусобиқаи байналмилалии Silk Road – Hua Shan Cup-2019 нишон медиҳад, ки онҳо малакаю маҳорати хуб доранд ва онро сайқал бояд дод.
Ҳамакнун боз номҳои нав дар фазои футболи Тоҷикистон танинандоз мегарданд, зеро футболбозони навраси тоҷик дар шаҳри Вэйнани Чин дар аввалин вохӯриашон бо дастаи Қирғизистон маҳорати хуб нишон дода, ба задани 8 тӯб шарафёб гардиданд. Ба ду бозингари мо Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдулфаттоҳ Худойдодзода муяссар шуд, ки ба дарвозаи рақиб сеголӣ зада, хет-трик намоянд. Ду тӯби дигарро Кабир Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода ба нишон расонданд.
Дар вохӯрии дуввум бозингарони навраси Тоҷикистон дастаи Мйанмаро низ бо ҳисоби 5:0 шикаст доданд. Голҳоро Хусрав Тоиров (23-юм дақиқа), Меҳрубони Абдурауф (27-ум дақиқа), Муҳаммадворис Сайдалиев (53-юм дақиқа, аз пеналтӣ), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (57-ум дақиқа) ва Муҷовид Шовайсудинов (90-ум дақиқа) ба самар расониданд.
10 апрел дастаи мунтахаби наврасони то 15-солаи мамлакат (мусобиқа дар Чин байни футболбозони то 16-сола идома дорад) дар бозии ҳалкунандаю тақдирсоз бо дастаи мунтахаби Чин-мизбони бозиҳо вориди сабқат мешавад. Барои дар маҷмӯъ ғолиб омадан дар мусобиқаи мазкур дастпарварони Аҳлиддин Турдиевро зарур меояд, ки мағлуб нашаванд. Ғалаба ва мусовӣ бо бартарии тӯбҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барандаи Ҷом хоҳад кард.
Ҷадвали мусобиқа чунин шакл гирифтааст:









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






