ДАВИ ИДОНА. Ғолибони Ниммарафони X байналмилалии Душанбе маълум гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ниммарафони X байналмилалӣ баргузор гардид. Тафсилоти бештари мавзӯъ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН.
Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз қитъаҳои Осиё ва Аврупо иштирок намуданд. Бояд зикр кард, ки дар Ниммарафони X Душанбе имсол дар баробари қариб 400 нафар давандаи Тоҷикистон ва беш аз 36 нафар варзишгарон аз 15 давлати хориҷӣ, аз қабили Австралия, Австрия, Украина, Афғонистон, Британияи Кабир, ИМА, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Нидерландия, Россия, Ӯзбекистон, Украина, Чин ва Эфиопия ширкат намуданд.
Тавре мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, Ниммарафони X байналмилалӣ, ки ба ифтихори Рӯзи пойтахт гузаронида шуд, масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифт. Он аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба анҷом расид.
Хотиррасон менамоем, ки ғолибони Ниммарафони X байналмилалии Душанбе инҳо гардиданд.
Миёни мардҳо:
Ҷойи якум- Фенте Ҷирма аз Эфиопия
Ҷойи дуюм- Микола Юхимчук аз Украина
Ҷойи сеюм- Михаил Красилов аз Қазоқистон
Ҷойи чорум- Жоодаора Кочконбекова аз Қирғизистон
Ҷойи панҷум- Майна Самуел аз Кения
Ҷойи шашум- Андрей Петров аз Ӯзбекистон
Миёни занҳо:
Ҷойи якум — Даря Маслова аз Қирғизистон
Ҷойи дуюм- Гуангул Хирут аз Эфиопия
Ҷойи сеюм- Ситора Ҳамидова аз Ӯзбекистон,
Ҷойи чорум- Мурунги Бетти Касамбӣ аз Кения
Ҷойи панҷум- Меҳрангез Назарова ва ҷойи шашум- Улиям Кузминова, ҳарду аз Тоҷикистон.
Қобили зикр аст, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми баланд дошта, ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур шомил карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони IX байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки 21 апрели соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, бо пирӯзии Тефера Гоза аз Эфиопия ва Даря Маслова аз Қирғизистон ба поён расид.
Дар Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе тақрибан 50 нафар варзишгарон аз 18 кишвари олам ширкат намуданд. Ниммарафон, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифт, аз «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба поён расид.
Бояд зикр кард, ки дар Ниммарафони IX байналмилалӣ дар сабқати мардона Тефера Гоза аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 9 дақиқаю 3 сония мақоми аввалро касб кард. Маана Ретер Курушбу аз Кения (1:05,05) мақоми дуюм ва Фенте Гирша аз Эфиопия (1:05,39) мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Адилет Киштанбеков (Қирғизистон, 1:07,05) ҷойи чаҳорум, Иля Тапкин (Қирғизистон, 1:07,15) ҷойи панҷум ва Андрей Петров (Ӯзбекистон, 1:08,27) ҷойи шашумро ишғол карданд.
Дар сабқати занон Даря Маслова аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 38 сония мақоми аввалро касб намуд. Мария Хмелнитская (Ӯзбекистон, 1:16,05) мақоми дуввум ва Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон, 1:14,19) мақоми севвумро соҳиб шуданд. Александра Шафар (Украина, 1:17,53) ҷойи чаҳорум, Мария Коробитеная (Қирғизистон, 1:18,54) ҷойи панҷум ва Мурунги Бетти Касамбӣ (Кения, 1:20,55) ҷойи шашумро гирифтанд.
Варзишгарони тоҷик дар Ниммарафони IX байналмилалӣ аз ҷоизаҳо бенасиб монданд. Натиҷаҳои беҳтарини варзишгарони тоҷик дар нуҳ даври ниммарафони байналмилалӣ ҷойҳои чоруми Ҳасан Ғаффоров (солҳои 2013 ва 2016) байни мардон ва Надима Мирзоева (соли 2010 ) миёни занон мебошад.
Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2009 баргузор гардида буд.











РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии Маҷмааи бокс ва меҳмонхонаи панҷситорадор оғоз бахшиданд
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мегардад
Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд






