ДУШАНБЕИ ДИГАР! Бунёди даҳҳо биноҳои баландошёнаи маъмурию истиқоматӣ симои пойтахти Тоҷикистонро куллан дигаргун месозад

Апрель 11, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 11.04.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи  Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар соҳили дарёи Душанбе,  аз буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ то  Маркази  савдои «Ёвар» биноҳои муосири истиқомативу маъмурӣ  бунёд мегарданд.  Лоиҳаи   мазкур аз ҷониби  Ҷамъияти кушодаи саҳомии «Шаҳрофар» дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати меъморӣ  ва шаҳрсозӣ дар шаҳри Душанбе   таҳия гардидааст.

Тавре аз Сарраёсати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ин лоиҳа дар давраи татбиқи марҳилаи аввали Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  амалӣ мегардад.

Мавриди зикр аст, ки  дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ мегардад, дар пойтахт, аз ҷумла,  дар маркази шаҳр даҳҳо биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва марказҳои муосири савдою хизматрасонӣ  бунёд мегарданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  ин биноҳо дар раванди татбиқи марҳилаи аввал ва оғози марҳилаи дуюми Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  сохта мешаванд. Татбиқи марҳилаи аввал то соли 2025 ва дуюм то соли 2040 дар назар дошта шудааст.

Аз ҷумла, дар маҳаллаи  «Ҳаёти  нав» — и ноҳияи Синои пойтахт биноҳои аз 35 – 40 — ошёна боло бунёд карда мешаванд.

 Дар ин мавзеъ бунёди  даҳҳо биноҳои  баландошёнаи маъмурию  истиқоматӣ дар  назар дошта шудааст. Аз ҷумла, Маркази  хизматрасонии  «Душанбесити», марказҳои муосири таълимӣ, савдо ва хизматрасонӣ, намоишгоҳҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғатии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии шаҳрсозӣ бунёд карда мешаванд. Дар ин мавзеъ биноҳои аз ҳама баландтарин дар пойтахт бунёд хоҳанд гашт.

Алҳол дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи генералии шаҳр ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бомаром ҷараён дошта, симои пойтахти Тоҷикистон рӯз аз рӯз  ба таври шинохтанашаванда  тағйир меёбад.

Аз ҷумла, давоми ду сол бунёди зиёда аз 50 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар масоҳати 42 гектар бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ барои беш аз 25 ҳазор нафар аҳолӣ  дар кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур  симои пойтахтро ба куллӣ дигаргун месозад.

Тавре муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов иброз дошт, Консепсияи меъморӣ ва шаҳрсозии кӯчаи Садриддин Айнӣ аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то буриши кӯчаи Дӯстии халқҳо дар доираи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таҳия гардида, аз 50  бинои  дар ин мавзеъ сохташаванда  19 бинои баландошёнаи  он  дар ду шафати роҳи асосӣ бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир сохта мешаванд.

«Биноҳои истиқоматии сохташаванда на камтар аз 12-ошёна буда, дар  назди онҳо бунёди инфрасохтори зарурӣ, ба монанди майдончаҳои бозии кӯдакон, мактабу боғчаҳои бачагона, дармонгоҳҳо, таваққуфгоҳ ва шабакаи обу корез ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ҳамин кӯча бинои нави маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сохта мешавад. Тибқи дурнамо, сохтмони биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15, Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова дар назар аст»,- афзуд Ш. Аловуддинов.

Дар ҷои  пештараи маркази савдои  «Олами китоб» -и ноҳияи Шоҳмансур марказҳои   замонавии  иборат аз 18 то 20-қабата бунёд мегарданд, ки сохтмони  онҳоро ҶДММ  «Шаҳри зебои мо» ба уҳда дорад. Дар қабати 1-2-юми  ин биноҳо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дар  қабатҳои болоии он  ҳуҷраҳои истиқоматӣ бунёд мегарданд.

Дар ин  мавзеи сохтмонӣ   ҷиҳати васеъ намудани роҳҳо, чароғонкунии кӯча, биноҳои баландошёнаи истиқоматию маъмурӣ ва сабзазоркунии муҳити атроф низ  тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Ш. Аловуддинов ҳамчунин иттилоъ дод,  ки  айни замон дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Аҳмади Дониши пойтахт сохтмони чор бинои 16-ошёна, ки аз лиҳози тарҳи меъморӣ дар шаҳр беназиранд,  анҷом ёфтааст.

Хотирасон менамоем,  ки 18 декабри соли  2018 дар Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  даъвати панҷум масъалаи васеъшавии  ҳудуди  пойтахт  дар қисмати ҷанубу ғарбӣ аз ҳисоби   ноҳияи Рӯдакӣ, ки он   дар доираи татбиқи марҳилаи аввали  Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  амалӣ мегардад, мавриди баррасии вакилон қарор  гирифт. Тибқи иттилои масъулин,  7659 гектар аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ, аз ҷумла,   ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, Гулистон, Чортеппа, Чимтеппа, «Россия»  ва ғайраҳо  ба ҳудуди шаҳри Душанбе   мегузаранд.

Бояд илова намуд, ки дар 7659 гектари ба ҳудуди пойтахт иловашуда  шаҳракҳо (бо тамоми инфрасохтор, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона, майдончаҳои истироҳатӣ, марказҳои хизматрасонию савдо, таваққуфгоҳҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, шабакаи обу корез ва ғайра), минтақаҳои   истеҳсолӣ (корхонаҳои саноатӣ),    рекреатсионӣ (ҷой ва иншооти барои сайёҳӣ нигаронидашуда), ҳудудҳои муҳофизатӣ, аз ҷумла боғу ҷангалзор ва гулгаштҳо,  ҳудудҳои махсус (биноҳои мутааллиқ  ба сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ), обтаъминкунӣ,  корезӣ ва ғайраҳо бунёд мегарданд. Қисмати зиёди заминҳои ба пойтахт ҳамроҳшуда ба ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рост меояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе бо губернатори Ҳукумати мардумии музофоти Шенсии Чин мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Кейко Фурута мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад
Рустами Эмомалӣ бо Кетрин Мери Рассел мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои директорони шабакаи телевизионии «Евронюс» Педро Варгас Сантос Давид мулоқот намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавони шаҳри Душанбе баргузор шуд
Шаҳри Душанбе то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ мегузарад
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад