Футзал: дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-«Ирбис» соҳиби ҷои сеюм шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Осиё-2019 таҳти роҳбарии Эраҷ Носеҳов дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод ширкат карда, ба гирифтани мақоми сеюм сазовор гашт. Ин бозиҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия давоми ду ҳафта идома ёфтанд.
Футзалистони кишварамон дар вохӯрии нимниҳоӣ аз дастаи ПСК –и Уляновск бо ҳисоби 4:2 мағлуб шуда, дар вохӯрӣ барои ҷои сеюм дастаи «Барис»-и Йошкар-Оларо бо нишондоди 22:0 шикаст доданд ва мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Дар вохӯрии ниҳоӣ ПСК бар дастаи «Ирбис»-и Қазон (6:4) ғолиб омада, соҳиби ҷои аввал гардид.
Ба ҳамин тартиб, давраи омодагии дастаи мунтахаби то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футзал ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё оид ба футзал бо ширкати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 14 то 23 июн гузаронида мешаванд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






