«ГАНДУМ ҲАМА ҶО, ПАЗАНДА ҶО-ҶО». Дар Душанбе кадбонуи беҳтаринро муайян мекунанд
ДУШАНБЕ, 02.04.19. /АМИТ «Ховар»/. Нони танӯрии хубро дар лахчаҳои ҳезуми дарахти мевадор мепазанд. Пухтани нони хушмазза маҳорати баландро талаб мекунад. Инро танҳо пазандаҳои бомаҳорат медонанд. Онҳоро бояд муайян, қадрдонӣ ва ҳунарашонро ба дигарон омӯзонд. Ба ин мақсад дар Душанбе озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир карда мешавад. Ҳайати комиссияе, ки ин озмунро ташкил ва доварӣ мекунад, дирӯз аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин амал бо мақсади иҷрои Нақшаи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мешавад.
Дар қарори мазкур омадааст, ки даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни «Кадбонуи беҳтарин», ки аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2019 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда мешаванд.
Воқан ҳам, баргузор намудани чунин озмун хеле муҳим аст, зеро ҳунармандони касби пазандагӣ низ бояд муайян ва қадрдонӣ карда шаванд, то ки ҷавонону наврасони мо ба пухтупаз муҳаббат пайдо кунанд. Ин як навъ роҳи таъмини устувории оилаҳо низ метавонад бошад. Аз қадим байни мардум чунин масал роиҷ аст: «Роҳ ба сӯи дили мард ба воситаи меъдаи ӯст». Ва то ҷое ин ҳақиқат ҳам дорад.
Аз ҷониби дигар, бо зиёд шудани теъдоди пазандаҳои моҳир мо метавонем анвои таомҳои миллиамонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоем.
Се сол пеш таоми миллии тоҷикӣ – оши палав ба Рӯйхати мероси ғайримодии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин боиси ифтихори мост. Барои пухтани палав чӣ лозим аст? Дегу табақ, биринҷ, сабзӣ, равған, гӯшт, пиёз ва боз чанд навъи дигар маҳсулот. Вале аз ин миқдор маҳсулоти якхела даҳ ошпаз даҳ хел ош мепазад. Ва таоми ҳамоне лазизу хӯрданӣ мебарояд, ки ҳунари волои ошпазӣ дорад. Зарбулмасали халқии тоҷикӣ исботи ин гуфтаҳост: «Гандум ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо».








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






