Хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон Мурод Сотиев даргузашт

Апрель 4, 2019 12:32

ДУШАНБЕ, 4.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Новый Хатлон» ва хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон Мурод Сотиев бар асари бемории қалб дар синни 56-солагӣ аз дунё даргузашт.

Мурод Сотиев хатмкардаи филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгори шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) буда, муддати як сол ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар мактаби миёнаи №-15-и ноҳияи Вахш фаъолият намудааст.

Мавсуф аз соли 1991 дар рӯзномаи «Курган-Тюбинская правда»  фаъолият дошт, ки баъдан ин рӯзнома ба «Новый Хатлон» табдили ном намуд. Тайи панҷ соли охир ӯ сармуҳарририи ин рӯзномаи бонуфузро бар уҳда дошт.

Мурод Сотиев аз моҳи  феврали соли 2006 то ҳол ҳамзамон  ба ҳайси хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон низ кор мекард. Ӯ яке аз хабарнигорони пурмаҳсули агентӣ маҳсуб меёфт, пайваста дар ҷустуҷӯи навгониҳо буд. Бо пешниҳоди хабару гузориш ва маводҳои таҳлилии хеш вусъати корҳои созандагиро дар вилояти Хатлон инъикос менамуд.

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовинони Раиси вилоят барои таъзия ва изҳори таслият ба хонадони марҳум Мурод Сотиев ташриф оварданд.

Маросими ҷанозаи марҳум бегоҳии имрӯз, соати 17.00 дар шаҳри Бохтар баргузор мегардад.

Роҳбарияти Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва   кормандони он аз даргузашти хабарнигори агентӣ Мурод Сотиев сахт андӯҳгин буда, ба аҳли хонавода ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва таслият менамоянд.

Апрель 4, 2019 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст