Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен
ДУШАНБЕ, 01.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Иншооти фарҳангӣ дорои шароити замонавӣ барои фаъолият буда, дар доираи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг бо мақсади ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии аҳолӣ навсозӣ шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен моҳи майи соли 2017 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонида шудаанд. Даромадгоҳ, толор ва утоқҳои иншоот бо назардошти таъриху фарҳанги ғании қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик кандакориву наққошӣ карда шудаанд.
Бинои Қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои раққосӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ, китобхона, толори хониш ва бозии шашкаву шоҳмот мебошад.
Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои зиёда аз 500 нафар пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ Қасри фарҳанг аз 2 ошёна иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд.
Дар ҳамин ҷо ба 50 нафар ятимон чун анъанаи неки Наврӯзи Аҷам туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ин ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои баҳорӣ фараҳмандии наврасони бо амри тақдир ятиммондаро афзун намуд.
Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанг барномаи нави ҳунарӣ муаррифӣ карда шуд.
Аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қасри фарҳанги деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен 40 номгӯи асбобҳои мусиқӣ тақдим гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ифтитоҳи бинои Қасри фарҳангро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуда, ҳунармандонро бо истифода аз имкони мавҷуда барои таҳияву пешниҳоди намоишҳои нав ва қонеъсозии талаботи маънавии мардум даъват намуданд.
Ҳамасола дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳои нави фарҳангӣ бунёду навсозӣ ва барои фаъолияти кормандони соҳаи маънавиёт шароити муосир фароҳам оварда мешавад. Дар ин баробар аҳли фарҳангро зарур аст, ки бо истифода аз чунин имкони муҳайёшуда таҳияву пешниҳоди барномаҳои нави ҳунариро бештар намоянд.
Фаввораҳо, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони ороишии шинонидашуда, майдончаи варзишӣ, ҷой барои фароғати кӯдакон ва парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон атрофи иншооти фарҳангиро дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба як макони зебову диданӣ табдил додааст.









Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳинро пас аз навсозӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ санги асос гузоштанд






