ИМА ва Тоҷикистон дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Америка ният дорад дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ва фоҷеаҳои техногенӣ, бозомӯзии мутахассисони пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.
«Ин ҳамкорӣ миёни Горди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад», — хабар доданд аз КҲФ ва МГ ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои манбаъ, масъалаи мазкур зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва ҳайати Горди миллии ИМА бо сарварии сардори ситод, генерали бригада Ҷеймс В.Ринг дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки ҷонибҳо масъалаи ташкили низоми коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






