ИМРӮЗ – РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо дар ҳифзи манфиатҳои халқу давлат, Истиқлолият ва тамомияти арзӣ саҳми арзанда мегузоранд

Апрель 10, 2019 14:04

ДУШАНБЕ, 10.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 10 апрел Рўзи Қӯшунҳои дохилӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли равон аз таъсиси Қӯшунҳои дохилии ҷумҳурӣ 26 сол сипарӣ мегардад.

Дар робита ба ин 13 апрели соли рвон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ чорабиниҳои ҷашнӣ ҷиҳати нишон додани сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ва интизоми намунавии ҳарбӣ баргузор карда мешаванд. Ҳамзамон дар ин раванд ифтитоҳи биною иншооти навбунёди Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси Қӯшунҳои дохилӣ, ки моҳи июни соли 2018 таъсис ёфта буд, сурат мегирад. Воҳиди таъйиноти махсуси номбурда аз рӯзи аввали таъсис то инҷониб ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни вохӯрӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15 сентябри соли 2018 баён доштанд,  вобаста ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (бахусус шаҳри Хоруғ) ба чорабиниҳои хизматӣ ҷалб гардида, вазифаҳои хизматию ҷангиашро дар сатҳи баланди касбӣ анҷом дода истодааст.

Барои фаҳмидани он, ки Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо кадом нишондиҳандаҳои баланд ва омодабошии ҷангиву интизоми намунавии ҳарбӣ ин санаи таърихиро таҷлил мекунанд, мухбири АМИТ «Ховар» Шаҳло САДРИДДИН бо Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ Суҳроб РАУФЗОДА суҳбат намуд.

Тавре номбурда изҳор намуд, Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои бузург ва калидии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, вазифаҳои пурмасъули таъмини амнияти давлату шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пойдории сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва дигар вазифаҳои муҳимро бар дӯш дорад.

Ба гуфтаи Суҳроб Рауфов, ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ аз рӯзҳои аввали таъсиси қӯшун намунаи ибрати афсарону сарбозони дигар сохторҳои ҳарбии мамлакатанд.  Таърих гувоҳ аст, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандориро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон додаанд. Месазад гуфт, ки дар давраи баргузории Иҷлосияи тақдирсози  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сохторҳои ҳарбии кишвар маҳз афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилӣ барои таъмини амнияти вакилони мардумӣ ҷалб гардида буданд, ки ин омил мояи ифтихор аст.

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ давоми солҳои 1992-1997 барои таҳкими истиқлолияти давлатии кишвар, барқароркунии сохти конститутсионии давлат, таъмини сулҳу суботи мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои босазо карда, дар ин раванд зиёда аз 600 нафар ҷони худро нисор карданд ва беному нишон гаштанд. Ҷасорату диловарии онҳо сабқати матонату фидокориҳо барои насли имрӯзи қӯшун мебошад.

Суҳроб Рауфов ҳамчунин афзуд, ки имрӯзҳо қувваи Қӯшунҳои дохилӣ асосан баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахти мамлакат ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва таъмини амнияти иншооти махсусан муҳими давлатӣ равона гардидааст. Дар ин замина ҳамарӯза 300 нафар сарбозони қӯшун дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба хизмати посбонӣ-пайроҳадорӣ ҷалб карда мешаванд, ки омили мазкур барои таъмини амнияти шаҳрвандону меҳмонон, пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат менамояд.

Машғулиятҳои махсуси омӯзишӣ, машқҳои доимии тактикию  ситодӣ-фармондеҳӣ, ба замми ин иштирок дар нигоҳбонии шабонарӯзии тартиботи ҷамъиятӣ, ширкат дар таъмини амнияти чорабиниҳои калонҳаҷми сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ ва варзишии пойтахти кишвар ва марказҳои маъмурии вилоятҳо, муҳофизати  иншооти махсусан муҳими давлатӣ, омодагии доимӣ барои пешгирӣ ва рафъи ҳар гуна амалҳои тахрибкорӣ ва дигар амалҳо номгӯи хеле мухтасарест, ки дар фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои қӯшун ба сомон расонида мешаванд. Ҳар  фарди хизмати ҳарбӣ адонамуда ба осонӣ сарфаҳм меравад, ки паси мафҳумҳои номбаршуда чӣ қадар заҳмату ташвишҳо ниҳон гаштаанд.

Вобаста таъминоти моддӣ-маишии қисму воҳидҳои Қӯшунҳои дохилӣ бояд зикр намуд, ки бо дастгирию ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми панҷ соли охир дар тамоми қисмҳои ҳарбии қӯшун корҳои сохтмонию навсозӣ ва таъмиру ободгардонӣ роҳандозӣ гардида, барои фаъолияти хизматӣ, таълимот ва фароғати ҳайати шахсӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

“Имрӯз бе муҳобот гуфтан мумкин аст, ки шароити будубош ва таъминоти моддӣ-маишии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ дар сатҳи сохторҳои ҳарбии кишвар дар сафи пеш қарор дорад, ки ин маҳз аз кумаку ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилию ҳайати роҳбарикунандаи қӯшун шаҳодат медиҳад”,-зикр намуд ӯ.

“Махфӣ нест, ки имрӯз ҷаҳонро хатари воқеии хурӯҷи терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таҳдид карда истода, ин омил давлатҳоро, пеш аз ҳама, барои тақвият бахшидани сатҳи омодабошии ҷангии сохторҳои қудратии худ водор менамояд. Дар ин замина, тибқи дастури роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ Қӯшунҳои дохилӣ тасмим гирифтаанд, ки имсол тайёрии ҷангии қисму воҳидҳоро ба сатҳи сифатан нав гузаронида, бо ин мақсад баргузории машқҳои тактикӣ, мусобиқаҳои варзишӣ-ҳарбӣ ва машғулиятҳои махсусро ҳарчӣ бештар ба роҳ монанд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ оид ба комилан аз байн бурдани ҳолатҳои муносибати ғайриоинномавӣ дар байни сарбозон, барнома ва нақшаҳои алоҳида таҳия гардида истодаанд. Мо итминон дорем, ки бо татбиқи худро ёфтани санадҳои мазкур дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, рафоқат ва дӯстии шикастнопазири коллективҳои ҳарбӣ боз ҳам тақвият бахшида хоҳад шуд”,-афзуд С.Рауфов.

Бояд гуфт, ки ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ватандӯстони асил малакаю маҳорати касбии худро ба таври доимӣ баланд нигоҳ дошта, дар кори ҳифзи манфиатҳои халқу давлат, ба амал баровардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд.

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Тибқи моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  қӯшунҳои дохилӣ ба системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ва ташкилоти ҳарбии он буда, барои иҷрои вазифаи хизматӣ-муҳорибавие, ки ин Қонун пешбинӣ мекунад, дар назар дошта шудаанд. Қӯшунхои дохилӣ барои мухофизаи амният ва манфиатҳои давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон захираи Қуввахои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва дар замони ҷанг ба ҳайати он дохил мегарданд.

Ба ҳайати қӯшунхои дохилӣ инҳо дохил мешаванд:

– қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбии таъиноти оперативӣ ва махсус;

– қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ барои муҳофизати объектҳои муҳими давлатӣ ва борҳои махсус;

– қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ оид ба муҳофизати муассисаҳои ислоҳоти меҳнатӣ;

– мақомоти идоракунӣ, муассисаҳо ва қисмҳои ҳарбӣ барои таъ­мини фаъолияти қӯшунҳои дохилӣ, таълимӣ, сохтмон, алоқа ва гайра.

Қисмҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ ба ҳайати Раёсати қӯшунҳои дохилӣ шомил мебошанд.

 

Апрель 10, 2019 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар Остона нахустин вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 5-уми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то охири моҳи май идома меёбад
Байни Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Суди Олии аппелятсионии Туркия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САВГАНДИ САДОҚАТ БА ВАТАН. Дар ҷузъу томҳои Артиши миллии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии наваскарон оғоз шуд
Дар Хатлон нақшаи даъват ба хизмати Ватан бори аввал пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид
ДАЪВАТИ БАҲОРӢ: Дар Хатлон ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад
Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
«МУШКИЛОТИ МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ФАЗОИ АВРУОСИЁ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар бораи татбиқи Низоми ҳифзшудаи муқоисавӣ ба имзо расид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Малайзия Шартнома дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ба имзо расид