Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» дар шаҳри Хуҷанд

Апрель 2, 2019 12:52

ДУШАНБЕ, 02.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи чоруми сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» иштирок намуданд.

Дар соҳили дарёи Сир, дар мавзеи тамошобобу хушбоду ҳаво беҳтарин ошпазҳои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят ҷамъ омада, бештар аз 50 намуд таомҳои миллии наврӯзиро ба намоиш гузоштанд. Ба Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» ҳамчунин ҳунармандону ошпазон аз ташкилоту идораҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳо ҷалб шуда, дар маҷмӯъ тавонистанд як унсури асосии иди аҷдодӣ-оростани дастархони наврӯзиро дар сатҳи олӣ намоиш диҳанд. Ҳамин тариқ, дар Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» 50 намуди хӯроки миллӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шавла, оши бурида, мастова, кашк, ҳалвои тар, омоч, таоми кадугӣ, угрои мошдор, мошпиёба, ширбиринҷ, боқала, оши бо дӯғ, угропалов, оши кӯча ва амсоли ин омода ва пешниҳоди мардум карда шуд. Дар се деги калони яктоннагӣ ошпазони вилоят суманак, оши палов ва ҷаварӣ пухтанд, ки хеле лазиз буд.

Барои меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал дар гӯшаҳои гуногуни майдон 24 хайма ва даҳҳо кат бо дастархони наврӯзӣ ороста шуда,  дар назди ҳар хайма гурӯҳҳои фолклории шаҳру ноҳияҳо меҳмононро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ таҳнияту шодбош мегуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар хайма бо мардум ва ошпазон суҳбатҳои идона ороста, ба таври дастаҷамъӣ ташкил кардани чунин базмҳои хурсандиро аз унсурҳои асосии Наврӯз маънидод карданд. Ба андешаи Роҳбари давлат, «Наврӯз пеш аз он ки як ҷашн ё маросим бошад, рамзи меҳру муҳаббати инсонист, василаи дур кардани кинаву адоват ва одамбадбинӣ мебошад. Ҳамин инсонгароии Наврӯз аст, ки дар дарозои таърих, новобаста ба фишору маҳдудиятҳо, ин ҷашни аҷдодӣ то замони мо расидааст. Мо бояд талош намоем, ки ҳамаи унсурҳои ин ҷашни зебои миллиро такмил дода, дар шакли комил ба наслҳои оянда мерос гузорем»,- таъкид карданд Пешвои миллат.

Ташкил намудани чунин фестивалҳо дар Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Тавре ҳунармандони вилоят мегӯянд, солҳои қабл чунин чорабиниҳо танҳо дар сатҳи маҳаллаву кӯчаҳо гузаронида мешуд. Дар замони соҳибистиқлолӣ талошҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушд додани расму оин ва ҳунарҳои миллӣ, доираи чунин анъанаҳоро дар вилояти Суғд низ фарохтар намуд ва инак, чанд сол мешавад, ки он дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ташкил карда мешавад. Дар маҷмӯъ дар Фестивали «Таомҳои миллии наврӯзӣ» бештар аз 10 ҳазор нафар иштирок намуда, дар якҷоягӣ бо Пешвои миллат Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Аз таомҳои ба фестивал пешниҳодшуда ҳамчунин барои се ҳазор нафар дастархони идона ороста шуд.

Тибқи одати қадима, гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзӣ барои кӯдакону наврасон пешбинӣ шуда буд. Дар ин ҷо бозиҳои миллии наврӯзӣ, аз қабили арғунчакбозӣ, лелакпаррониву ланкабозӣ, гӯштин ва дигар мусобиқаҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки дар он ҳазорҳо нафар кӯдакону наврасон бо шӯру шавқи зиёди идона иштирок карданд.

Дар доираи баргузории фестивали мазкур, ҳамчунин миёни иштирокчиён дар чанд номинатсия, аз ҷумла «Беҳтарин таоми миллии наврӯзӣ»,  «Хаймаи беҳтарин», «Ороиши дастархони беҳтарини наврӯзӣ», «Дастони моҳир», «Самбӯсабанди беҳтарин», «Самбӯсахӯри беҳтарин», «Угробури беҳтарин», «Намоиши фолклори беҳтарин» ва амсоли ин озмун доир гардид. Ғолибони се ҷойи аввали ҳар номинатсия аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо туҳфа ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Иштирок дар Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" дар шаҳри Хуҷанд 02.04.2019

Апрель 2, 2019 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода якчанд иншооти иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Ноқили Турсунзода»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Дарвоз Умедҷон Носирзода суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор якчанд иншооти муҳими иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор бинои Муассисаи томактабии «Сафия»-ро мавриди истифода қарор доданд