Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, дар мусобиқоти мазкур Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм шурӯъ намуд. Сараввал паҳлавони тоҷик бар варзишгарони Молдавия Мокану Лурие ва Эстония Калюлаид Клен Кристофер ғолид омад. Дар марҳилаи чорякниҳоӣ Комроншоҳ аз рақиби гурҷии худ Чрикишвили Автандили, ки дар раддабандии вазни 90 кг мақоми 45-умро соҳиб мебошад, ғайриинтизор мағлуб гардид. Аммо бо ин нокомиаш Комроншоҳ мусобиқаро тарк нанамуд ва ба марҳилаи дигар гузашт. Дар ин марҳила варзишгари тоҷик бар ду ҳарифи худ- Ягор Варапаев ва Голан Итай дастболо гардида, сазовори медали биринҷӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран При Анталия бори сеюм аст, ки соҳиби медали ифтихорӣ мегардад. Қаблан соли 2017 дар ҳамин мусобиқот соҳиби медали нуқра шуда, соли 2018 чемпиони мусобиқоти Гран При Анталия гардида буд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






