Марҳилаи якуми «Нелегал-2019» дар вилояти Хатлон 9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмуриро муайян сохт
ДУШАНБЕ, 15.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон марҳилаи якуми амалиёти «Нелегал-2019»-ро ба анҷом расонид.
Тавре аз Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, марҳилаи якуми амалиёт рӯзҳои 9-12-уми апрели соли равон идома ёфта, дар доираи амалиёти махсуси «Нелегал-2019» 9 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ошкор карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳо бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят аз тарафи кормандони Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардиданд.
Бояд зикр кард, ки мақсади асосӣ аз гузаронидани амалиёти муштарак таъмину сулҳу субот дар кишвар ва амнияту осоиштагии мардум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба шумор меравад.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал — 2019» дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии «Нелегал» имсол дар се марҳила гузаронида мешавад.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






