МУБОРАК БОД! Куҳансолтарин журналисти Тоҷикистон ва иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Олег Соболев 95-сола мешавад

Апрель 2, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 02.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Куҳансолтарин журналисти Тоҷикистон ва иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Олег  Соболев, ки дар давраи муҳосираи фашистӣ дар Ленинград зиндагӣ мекард, 3 апрел 95-сола мешавад.

Соболев беш аз 68 сол дар воситаҳои ахбори оммаи гуногуни Тоҷикистон фаъолият намуда, 54 соли собиқаашро дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипарӣ кардааст.

Олег Дмитриевич Соболев 3 апрели соли 1924 дар шаҳри Петергоф (ноҳияи Петергофи шаҳри Ленинград) дар оилаи челонгар ва ҳамшираи шафқат таваллуд шудааст. Ӯ синфи 9-уми мактаби миёнаро он ҷо хатм карда, фаъолона ба варзиш машғул буд. Дар 17-солагӣ пас аз ҳамлаи Германияи гитлерӣ ба ИҶШС  ихтиёрӣ ба баталёни қиркунандаи қӯшунҳои Комиссариати халқии корҳои дохилаи вилояти Ленинград рафт. Дар солҳои ҷанг дар қисмҳои харбии гуногун адои хизмат карда, то Берлину Прага рафтааст ва ҷангро бо рутбаи сержанти калони гвардия тамом кард.

Пас аз анҷоми ҷанг ӯ дар соҳаҳои гуногун фаъолият карда, соли 1950 ба Москва, баъдан ба Новотроитск ва аз он ҷо ба Куйбешев омад.

Соли 1952 ӯ дубора ба сафи артиши Шӯравӣ даъват гардида, барои адои хизмат ба округи ҳарбии Туркистон фиристода шуд. Дар он ҷо ӯ ба вазифаи корманди сиёсии полки 33-юми назорати ҳавоӣ, огоҳкунӣ ва алоқа, ки дар Тоҷикистон воқеъ буд, таъйин гардид ва дар сарҳади ҷумҳурӣ хизмат мекард. Аз ҳамон вақт инҷониб пойтахти Тоҷикистон ҷойи зисти доимии ӯ гардид.

Соли 1954 Олег Соболевро бинобар вазъи саломатӣ аз хизмат дар артиш озод карданд. Ва он гоҳ ӯ ба шуъбаи таблиғоти идораи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» ба кор даромад.

Солҳои 1955-1956 ба ҳайси ёрдамчии вазири фарҳанги ҶШ Тоҷикистон, солҳои 1956-1958 сардори шуъбаи ҳаёти комсомолии идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», солҳои 1958-1959 сардори шуъбаи саноат ва сохтмони рӯзномаи «Сталинобод», аз моҳи марти соли 1959 то моҳи январи соли 2013 дар ТоҷикТА (ҳоло Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар») фаъолият намудааст. Соли 1984 шореҳи илмии Агентӣ таъйин гардида буд.

«Дар он давра кори ман дар матбуоти ҷумҳуриявӣ бо кор дар идораи ТАСС якҷоя буд. Ман дорои шаҳодатномаи хабарнигори ТАСС будам ва рӯйдодҳои муҳимро барои матбуоти шӯравӣ ва ҷаҳон инъикос мекардам. Собиқаи умумии кориам дар ТоҷикТА, АМИТ «Ховар» 54 сол аст ва бо назардошти кор дар матбуоти дигари Тоҷикистон 68 сол аст», — гуфт Олег Соболев.

Олег Соболев муаллифи очерку асарҳо, китобу повест-хотираҳо ва маҷмуаҳои шеърии сершумор мебошад. Дар солҳои фаъолияташ дар АМИТ «Ховар» журналистони ҷавони зиёдеро тарбия намудааст.

Ӯ дар фаъолияти журналистиаш бо Грамотаи Шӯрои Олии ҶШ Тоҷикистон, унвони «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон», медалҳо ва мукофоти олии Ҷамъияти Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС – нишони сарисинагӣ сарфароз гардидааст.

Ҳамчун иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ӯ дорои чунин мукофотҳо, ба монанди ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи I, медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои муҳофизати Ленинград», «Барои озодкунии Прага», «Барои Ғалаба бар Германия» ва якчанд медалҳои ҷашнӣ, инчунин нишони сарисинагии «Ба муҳофизи платсдарми Ораниенбаум» мебошад.

Роҳбарият ва  кормандони  АМИТ «Ховар» Олег Дмитриевич Соболевро ба муносибати 95-солагӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, рӯҳи болидаву хотири ҷамъ ва, албатта, навиштаҳои нав орзуманд мебошанд!

Апрель 2, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН. Барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд
Китоби «Китобномаи шарҳиҳолӣ»-и Сипеҳр Ҳасанзод рӯнамоӣ гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Намояндаи Ҳизби Коммунистии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос шуд
Узви Раёсати Ҳизби «Ени Озарбойҷон» дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни қадимаи тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Каманди зулф»-и Зулфия Атоӣ рӯнамоӣ гардид
РОБИАИ БАЛХӢ – НАХУСТБОНУИ СОҲИБДЕВОНИ АДАБИЁТИ ТОҶИКУ ФОРС. Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали 4-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак иштирок намуданд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд