Мусобиқаи пойгаи мотосиклронӣ барои дарёфти Ҷоми вилояти Хатлон баргузор мегардад

Апрель 9, 2019 14:05

ДУШАНБЕ, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 14  апрели соли равон дар шаҳри Леваканд  мусобиқаи пойгаи мотосиклрониро барои дарёфти Ҷоми вилояти Хатлон доир менамояд.

Тавре аз Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз  шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Леваканд,  Ваҳдат, Кўлоб, ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Восеъ ва Абдураҳмони Ҷомӣ  иштирок хоҳанд намуд.

Пойга барои фатҳи марра байни мотосиклҳои ҳаҷми муҳаррикашон 125, 250, 350 ва 500 метри мукааб сурат гирифта, варзишгарон бо мотосиклҳои замонавии  истеҳсоли ширкатҳои маъруфи “Хонда”, “Кавасаки”, “Судзуки” ва “Ямаха” миёни худ сабқат хоҳанд намуд.

Ба иттилои манбаъ, ғолибон аз рўи ҳисоби даставӣ ва шахсӣ бо ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.

Апрель 9, 2019 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд