ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст

Апрель 6, 2019 08:02

ДУШАНБЕ, 06.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ағбаҳо фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас ва танҳо дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шабона ва саҳар борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ғарби вилоят  шабона 3-8 ва  рӯзона 15-20  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  6-11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500м барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар баъзе ноҳияҳо туман фаромада, шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9-14  ва  рӯзона 19-24 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 ва  рӯзона  11-16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ бошиддат борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17  ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  4-9  ва   рӯзона 18-23 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда гашта, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф борида, дар ағбаҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рўзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 2-7  ва  рўзона 15-20  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 10-12  ва рӯзона 23-25  дараҷа гарм мешавад.

Апрель 6, 2019 08:02

Хабарҳои дигари ин бахш

АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 маротиба зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд