Ҳокими аморати Шарҷа дар Фестивали мероси фарҳангии Шориқа ба гӯшаи Тоҷикистон баҳои баланд дод
ДУШАНБЕ, 04.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб Фестивали 17-уми мероси фарҳангии Шориқа (Sharjah Heritage Days) бо тантана ифтитоҳ ёфт. Дар он беш аз 2 ҳазор нафар намояндагони 60 давлати дунё ҷамъ омадаанд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Фестивали мазкур аз Тоҷикистон ҳайати санъаткорону ҳунармандон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода иштирок доранд.
Бояд зикр кард, ки дар гӯшаи ҳунармандии Тоҷикистон осори ҳунари кордсозӣ, заргариву сангтарошӣ, сӯзанидӯзӣ, наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, инчунин намунаи либосҳои миллии атлас, адрас, чакан ва тамсилаҳои мӯди замонавии либосҳо ба намоиш гузошта шуда, тамошобинонро мафтун намуд.
Ҳокими аморати Шарҷа доктор Султон бин Муҳаммад ал-Қосимӣ баъди ифтитоҳи расмии Фестивал аз гӯшаи Тоҷикистон дидан намуда, ба ҳунари волои халқи тоҷик ва мероси ғании фарҳангии мо баҳои баланд дод.
Бояд гуфт, ки дар фестивали мазкур рақсу мусиқӣ ва сурудҳои миллии тоҷикиро ҳунарпешагони Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» ба номи Ғ. Валаматзода, Ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» ва Оркестри эстрадии «Гулшан» муаррифӣ мекунанд.
Фестивал то 21 апрел идома мекунад.










«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд






