Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ иштирок мекунанд

Апрель 15, 2019 09:29

ДУШАНБЕ, 15.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 23 то  28 апрели соли равон дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии мардуми Чин Чемпионати Осиё оид ба гӯштини озод ва юнонӣ-римӣ баргузор мегардад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ иштирок мекунад.
Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН  хабар дод.

Ба иттилои манбаъ,  дар Чемпионати Осиё қувваозмоиҳо аз рӯи ду равияи гӯштин – тарзи озод миёни мардону бонувон ва юнонӣ-римӣ миёни мардон дар 30 категорияи вазнӣ сурат мегиранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 13 нафар варзишгар — 10 нафар дар равияи тарзи озод, 3 нафар дар равияи юнонӣ-римӣ намояндагӣ хоҳанд кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё     аз рӯи гӯштини тарзи озод инҳо дохиланд: Ҳикматулло Воҳидов ( -57кг),    Ҷамшед Шарифов  (-61кг), Абулқосим Файзиев  (-65кг), Сорбон Абдулҳаев  (-70кг), Ғуломҷон Шарифов(-74кг), Аъзамҷон Юсуфов (-79кг), Баҳодур Қодиров (-86кг), Фаридун Одилов (-92кг), Искандари Рустам (-97кг) ва  Фарҳод Анақулов (-125кг) бо роҳбарии  сармураббӣ – Абдурозиқ Олимов.

Аз намуди  гӯштини юнонӣ-римӣ Мубинҷон Ахмедов (-67кг), Ҳабибҷон Зуҳуров (-77кг) ва  Тоҳир Охонов (-87кг) бо  роҳбарии сармураббӣ – Фаррух Беков ҳунарнамоӣ мекунанд.

Чемпионати Осиё барои варзишгарон як замина барои Чемпионати ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки моҳи сентябр дар  шаҳри Нурсултон (Остона) мегузарад. Яъне дар Чемпионати ҷаҳон он варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар чемпионатҳои минтақавӣ ширкат карда бошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Нурсултон 5 варзишгари беҳтарин дар ҳар вазн соҳиби аввалин роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи ин намуди варзиш мегарданд.

Апрель 15, 2019 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд